Путин ва Эрдуғон ҳам аз иқдомоти Мирзиёев ҳимоят карданд

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон раисҷумҳури Туркия бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, Путин аз иқдомоти Мирзиёев барои ба эътидол овардани вазъ дар Қароқалпоқистон ҳимоят кард. Гуфта мешавад, ки ҳамчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифта, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода, аз ҷумла […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон раисҷумҳури Туркия бо раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, Путин аз иқдомоти Мирзиёев барои ба эътидол овардани вазъ дар Қароқалпоқистон ҳимоят кард.

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ табодули афкор сурат гирифта, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода, аз ҷумла дар доираи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар шаҳри Самарқанд баррасӣ шуд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон низ зимни сӯҳбати телефонӣ бо Шавкат Мирзиёев аз талошҳои ӯ барои тазмини сулҳу субот ва рушди устувор дар Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон ҳимояти қотеъона эълом кард.

Тарафҳо дар мавриди нишасти Созмони кишварҳои турк, ки ноябри 2022 дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, табодули назар карданд.

Сарони кишварҳо ҳамдигарро ба муносибати фарорасии Иди Қурбон табрик гуфтанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан аз талошҳои президенти Ӯзбекистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Қароқалпоқистон сарони дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон низ ҳимоят карда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.