Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Шавкат Мирзиёев барои эътидоли вазъ дар Қароқалпоқистон

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои роҳбарияти Ӯзбекистон барои ба эътидол овардани вазъ дар Қароқалпоқистони Ӯзбекистон ҷонибдорӣ кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар суҳбати телефонии рӯзи 4 июл байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамчунин доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.

Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар партави тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рӯзҳои 2-3 июни соли равон ҳосил шуда буданд, баррасӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки сарони кишварҳои Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва Қирғизистон – Содир Ҷабборов низ аз амалкардаи президенти Ӯзбекистон дар мавриди ба эътидол овардани вазъият дар Қароқалпоқистон ҳимоят карданд.

Ба навиштаи podrobno.uz, президенти Қазоқистон аз тадбирҳои қатъии Мирзиёев ҷиҳати ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ, таъмини субот ва рушди устувор дар ин минтақа комилан ҷонибдорӣ кард.

Президенти Қирғизистон аз иқдомоти қатъӣ, ки раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба манзури саркӯби талошҳо барои бесубот кардани вазъ дар Қарақалпоқистон анҷом додааст, комилан ҷонибдорӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки пас аз эълони ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Ӯзбекистон, ки дар онҳо бекор шудани мустақилии Қарақалпоқистон пешбинӣ гардида буд, дар Нуқус намоишҳои эътирозӣ сар заданд. Эътирозҳо баъди ба Нуқус омадани президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва изҳори назари ӯ бобати бекор шудани ин тағйирот ба охир расиданд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷараёни нооромиҳои рӯзи 1-2 июл дар маркази маъмурии Қароқалпоқистон – Нуқус 18 нафар (4 нафарашон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) фавтида, 243 кас осеб дидаанд, аз ҷумла 38 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Ба 149 нафар ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуда, ба хонаҳояшон рухсатӣ шудаанд. 94 нафар дар бемористонҳо боқӣ монда, бархе ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон, ки ҷузъиёти бетартибиҳоро ошкор намуд, 13 нафар аз иштирокчиёни ҳалокшудаи эътирозҳо дар ҳолати мастӣ аз машрубот ва маводи нашъаовар қарор доштаанд.

Прокуратураи генералӣ ҳамчунин хабар дод, ки зимни бетартибиҳо ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Гвардияи миллӣ, фурудгоҳ ва маркази барқарору тавонмандӣ, ки дар он маҳкумшудагон нигаҳдорӣ мешуданд, ҳамлаҳо сурат гирифтааст.

Рӯзи 4 июл парлумони Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки мақоми худмухтории Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар тарҳи Конститутсияи ин кишвар ҳифз карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Қароқалпоқистон аз 3 июл то 2 август реҷаи ҳолати фавқулода ҷорӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...