Тайи 1 шабонарӯз дар ҷануби Афғонистон 40 нафар аз бемории вабо ҷон бохтанд

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар ду вилоят Афғонистон рӯзона ҳудуди 40 нафар дар асари бемории вабо ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора Khaama Press и Pajhwok бо истинод ба хабаргузории Бохтар хабар доданд.

Хабаргузории Бохтар ки нашриёти он бо Толибон аст, ба нақл аз масъулон дар вилоятҳои Ҳилманд гузориш карда, ки дар 24 соати гузашта дар вулусволии Бағлони ин вилоят 120 нафари мубтало ба ин беморӣ ошкор шудаанд, ки аз байни онҳо 20 нафар бар асари дарунравии шадид фавтидаанд.

Бар асоси гузориши Бахтар, як гурӯҳи сайёри беҳдоштӣ ба ин макон  рафтааст, аммо манобеъи ҷамъиятии вилояти Ҳилманд мегӯянд, ки беморон дар як макони номуносиб бидуни шароити зарурӣ табобат мегиранд.

Ҳамзамон, бар асари бемории вабо дар вилояти Зобул дастикам 20 нафар ҷон бохтаанд.

Ин беморӣ дар вулусволиҳои Сиварӣ ва Дойчупони вилояти Зобул ба таври густарда паҳн шудааст ва то кунун ҳудуди 1000 нафари гирифтор ба ин беморӣ дар ин вилоят ошкор шудааст.

Масъулини беҳдошти ин вилоят низ гуфтаанд, ки ба ин макон як гурӯҳи сайёри беҳдоштӣ фиристодаанд.

Барои баъзе шаҳрвандон, вабо ба далели он, ки онҳо дар шароити бади санитарию гигиенӣ табобат мегиранд, бо марг анҷом меёбад.

Вазорати беҳдошт, ки аз сӯи Толибон ташкил шудааст, низ аз чанд мавриди сироятёбӣ дар вилояти Қандаҳор хабар додааст.

Вабо як сирояти дарунист, ки дар натиҷаи нӯшидани оби носолим ё олуда ба вуҷуд омада, боиси дарунравии шадид, вайрон шудани деворҳои системаи ҳозима ва қайкунӣ мегардад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки Kun.uz бо истинод ба Кумитаи тандурустии шаҳрдории Вучанг хабар медиҳад, эпидемиологҳои чинӣ як ҳолати бемории вабо дар Вуҳанро тасдиқ карданд.

Чунон ки ишора шуд, ин дар натиҷаи таҳлили серологи ошкор гардид.  Дарунравӣ ва табларза аломатҳои асосии бемории вабо дар шахси сироятшуда буданд. Ҳоло пизишкон бо ӯ кор мекунанд.  Манбаи сироят то ҳол пайдо нашудааст, таъкид мекунад кумита.

Рӯзи якшанбе, 10 июл, як ҳолати эҳтимолии сироятро портали иттилоотии Tianmu Xinwen эълон кард.  Ба навиштаи нашрия, бемор дар хобгоҳи факултаи муҳандисии Донишгоҳи Вуҳан зиндагӣ мекардааст. Аз ҳамаи хонандагони дар бино ҳузурдошта санҷиш гирифта шуд. Онҳоро зидлиуфунӣ (дезинфексия) кардаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...