Афғонистон пули барқи Тоҷикистонро ҳоло пурра пардохт накардааст

Ширкати электроэнергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон ҳоло ҳам аз пули барқ ба Тоҷикистон қарздор аст, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Мамадумар Асозода. Лекин дар бораи маблағи мушаххаси қарзи ширкати “Афғонистон” ба “Барқи тоҷик” чизе нагуфт. “Аз ҷониби ширкати Афғонистон баъзе ҳаҷмҳои барқҳои гирифтаашон пардохт мешавад. Дар назар аст, […]

Ширкати электроэнергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон ҳоло ҳам аз пули барқ ба Тоҷикистон қарздор аст, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Мамадумар Асозода.

Лекин дар бораи маблағи мушаххаси қарзи ширкати “Афғонистон” ба “Барқи тоҷик” чизе нагуфт.

“Аз ҷониби ширкати Афғонистон баъзе ҳаҷмҳои барқҳои гирифтаашон пардохт мешавад. Дар назар аст, ки бо афзоиши имконоти пардохтпазирии ин ширкат қарзҳо пардохта хоҳанд шуд”, – иброз дошт Асозода.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон шабонарӯзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 9 млн кВт/соат неруи барқ интиқол дода мешавад.

Аввали соли равон раиси ширкати “Барқи тоҷик” ба рӯзноманигорон хабар дода буд, ки қарзи DABS ба ширкат 33 млн долларро ташкил медиҳад.

Он замон ӯ изҳор дошта буд, ки охири моҳи декабри соли гузашта раҳбарияти “Барқи тоҷик” ва DABS ба замимаи созишномаи дар соли 2008 имзошуда дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон то соли 2028 протокол ба имзо расониданд.

Дар қарордоди иловагӣ ба созишнома дар соли 2022 ба Афғонистон содироти шабонарӯзии 40 мегаватт-соат барқ дар давраи баҳору тобистон (моҳҳои май-сентябр) ва 25-30 мегаватт-соат дар давраи тирамоҳу зимистон (моҳҳои октябр-апрел) пешбинӣ шудааст.

Асозода таъкид дошт, ки мутобиқи қарордод, DABS барои 1 киловатт-соат барқ аз Тоҷикистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.

Бино ба маълумоти “Барқи тоҷик”, соли 2021 аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 635.9 млн сомонӣ (56,3 млн доллар) неруи барқ интиқол дода шудааст.

Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 Афғонистон аз Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 336 млн сомонӣ (зиёда аз 30 млн доллар) барқ гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.