Тоҷикистон пардохти хироҷи гумрукии дукаратаро бекор кард. Ин чӣ маъно дорад?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Хадамоти гумруки Тоҷикистон пардохти хироҷи гумрукии дукарата дар рӯзҳои истироҳатӣ, ид ва баъди соати кориро бекор кардааст. Дар ин бора Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 13 июл хабар дод.

Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, аз ин пеш ҳангоми анҷоми расмиёти гумрукии молҳои воридотиву содиротӣ ва транзитии берун аз соати корӣ ё берун аз минтақаи назорати гумрукӣ, хироҷи гумрукӣ ба андозаи дукарата рӯёнида мешуд.

– Акнун мо ин талаботро аз байн бурдем ва барои анҷоми расмиёти гумрукӣ соҳибкорон, махсусан содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ хироҷи яккарата месупоранд.

Ба гуфтаи Каримзода, ин тасмим расмиёти гумрукиро тезонида ба тоҷирон сабукӣ медиҳад.

– Ба таври мисол, агар мошин соати 5 бегоҳи рӯзи ҷумъа ба сарҳади Тоҷикистон ворид мешуд, соҳибкор ба хотири он ки хироҷи гумрукии дукарата насупорад, то рӯзи душанбе интизор мешуд. Тоҷир маҷбур мешуд, ки ду рӯз мошини худро дар сарҳад нигоҳ дорад, ки дар баробари ин, аз дигар тараф ҷарима барои ҳар соати иловагӣ дар роҳи оҳан ва дигар пардохтҳоро месупорид.  Умуман як мушкилот буд. Ва ин аз байн бурда шуд, – гуфт Хуршед Каримзода.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбе хабаргузории “Тренд” бо такя ба дафтари матбуоти Маркази байнулмилалии тиҷорат хабар дода буд, ки Тоҷикистон бо пуштибонии Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) пардохти дукаратаи хироҷи гумрукиро ҳангоми воридоти коло ба кишвар дар рӯзҳои истироҳат ва ид лағв кард.

Ба гуфтаи ин ниҳод, қимати стандартии хироҷи гумрукӣ дар рӯзҳои корӣ дар Тоҷикистон вобаста ба арзиши молҳои воридотӣ аз 10 то 450 доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...