Тоҷикистон пардохти хироҷи гумрукии дукаратаро бекор кард. Ин чӣ маъно дорад?

Хадамоти гумруки Тоҷикистон пардохти хироҷи гумрукии дукарата дар рӯзҳои истироҳатӣ, ид ва баъди соати кориро бекор кардааст. Дар ин бора Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 13 июл хабар дод. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, аз ин пеш ҳангоми анҷоми расмиёти гумрукии молҳои воридотиву содиротӣ ва […]

Хадамоти гумруки Тоҷикистон пардохти хироҷи гумрукии дукарата дар рӯзҳои истироҳатӣ, ид ва баъди соати кориро бекор кардааст. Дар ин бора Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод, имрӯз, 13 июл хабар дод.

Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, аз ин пеш ҳангоми анҷоми расмиёти гумрукии молҳои воридотиву содиротӣ ва транзитии берун аз соати корӣ ё берун аз минтақаи назорати гумрукӣ, хироҷи гумрукӣ ба андозаи дукарата рӯёнида мешуд.

– Акнун мо ин талаботро аз байн бурдем ва барои анҷоми расмиёти гумрукӣ соҳибкорон, махсусан содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ хироҷи яккарата месупоранд.

Ба гуфтаи Каримзода, ин тасмим расмиёти гумрукиро тезонида ба тоҷирон сабукӣ медиҳад.

– Ба таври мисол, агар мошин соати 5 бегоҳи рӯзи ҷумъа ба сарҳади Тоҷикистон ворид мешуд, соҳибкор ба хотири он ки хироҷи гумрукии дукарата насупорад, то рӯзи душанбе интизор мешуд. Тоҷир маҷбур мешуд, ки ду рӯз мошини худро дар сарҳад нигоҳ дорад, ки дар баробари ин, аз дигар тараф ҷарима барои ҳар соати иловагӣ дар роҳи оҳан ва дигар пардохтҳоро месупорид.  Умуман як мушкилот буд. Ва ин аз байн бурда шуд, – гуфт Хуршед Каримзода.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи шанбе хабаргузории “Тренд” бо такя ба дафтари матбуоти Маркази байнулмилалии тиҷорат хабар дода буд, ки Тоҷикистон бо пуштибонии Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) пардохти дукаратаи хироҷи гумрукиро ҳангоми воридоти коло ба кишвар дар рӯзҳои истироҳат ва ид лағв кард.

Ба гуфтаи ин ниҳод, қимати стандартии хироҷи гумрукӣ дар рӯзҳои корӣ дар Тоҷикистон вобаста ба арзиши молҳои воридотӣ аз 10 то 450 доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.