“$2,5 ҳазор доллар пора гирифтаанд”. Раиси Додгоҳи олӣ боздошти пурсарусадои раиси собиқи додгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва додраси ин догоҳ Рустам Маҳмадсаидзода ба гирифтани 2,5 ҳазор доллар пора гумонбар мешаванд. Дар ин бора раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, имрӯз, 14 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, ки нисбати ин ду нафар аз ҷониби Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон барои гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҳардуи онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.

"Раиси додгоҳ ва додрас дар гирифтани пора ба маблағи 2 ҳазору 500 доллар гунаҳкор мешаванд. Муовифқи маълумоти мо ин маблағ байни раиси додгоҳ ва додрас тақсим карда шудааст. Парванда вақте барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ дохил шуд, баъд доир ба ин масъала пурратар маълумот дода метавонем", – гуфт Шоҳиён.

Хабари боздошти Ҳомидҷон Муҳаммадзода ва Рустам Маҳмадсаидзода, ҳамроҳи як вакили дифоъ Шаҳидҷон Ҳоҷибоев аввалҳои моҳи май расонаӣ шуд ва дертар Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳоро дар як посухи хаттӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

Рӯзи 30 май Муҳаммадзода, Маҳмадсаидзода, ҳамроҳи як додраси додгоҳи ноҳияи Сино Раҳмиддин Раҳимзода бо фармони раисҷумуҳури кишвар аз вазифа озод шудаанд.

Шермуҳаммад Шоҳиён, имрӯз, дар ҳузури журналистон аз боздошти Рустам Саидаҳмадзода, додраси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Азиза Ҳайдарова, котиби ин додгоҳ, ки чанде пеш сару садои зиёде дар пай дошт, рӯшанӣ андохт.

Ба таъкиди ӯ, Саидаҳмадзода дар содир кардани ду ҷиноят гунаҳкор дониста мешавад ва нисбати вай аз ҷониби Додситони кул парвандаи ҷинотяӣ оғоз шуда, тафтиши пешакӣ дома дорад.

"Нисбати Саидаҳмадзода бо моддаи 316 қисми 2 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва 346 қисми 3 (дидаву дониста расонидани хабар бардурӯғ оиди  аз ҷониби додрас содир намудани ҷиноят) парвнада боз шудааст. Парвандаи пурра вақте, ки тафтиши пешакӣ ба анҷом мерасад ва ба Додгоҳи олӣ дохил мешавад, пурратар маълумот пешниҳод мекунем", – гуфт Шоҳиён.

Номбура ҳамчунин афзуд, нисбати Азиза Ҳайдарова, ки гуфта мешавад, котибаи Рустам Саидаҳмадзода буд, бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ боздошт шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ба иттилои “Радиои Озодӣ” Рустам Саидаҳмадзодаро рӯзи 29-уми июн дар Душанбе дастгир ва ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтанд. Вай иттиҳомро рад карда, гуфтааст, дар ҷараёни тафтишоти думоҳа бегуноҳии худро собит хоҳад кард.

Номи ӯ соле пеш ва баъди онки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт.

Барно Ҳайдарова, модари Азиза Ҳайдарова, рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки духтарашро ба қаллобӣ ҳангоми хариди хона муттаҳам мекунанд, вале розӣ нест. Чун, ба гуфтааш, хонаро ӯ ду сол пеш ва бо пуле харидааст, ки дар Русия кор карда буд.

Ӯ дар як суҳбати видеоӣ афзуд, духтараш ҳеч кори хато ё қонуншиканӣ накардааст ва иддао дорад, ки муфаттишон аз ин роҳ маҷбур кардаанд, ба зидди Саидаҳмадзода шаҳодат бидиҳад.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали имсол 4 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон бо гумони гирифтани пора дастгир шуданд. Ӯ ба ғайр аз се додраси номбурда, аз боздошти як додраси додгоҳи ноҳияи Сино низ ишора кард. Аз ӯ ном набурд, вале ба эҳтимоли зиёд ӯ, Раҳмиддин Раҳимзода аст, ки чанде пеш бо фармони президент “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз мансаб озод шуда буд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...