Эмомалӣ Раҳмон баъди боздошт раиси Додгоҳи Хуҷандро аз мақом барканор кард

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҳомидҷон Муҳаммадзода, раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва Рустам Маҳмадсаидзода, додраси ин додгоҳ, ки ҳафтае пеш хабари боздошти онҳоро Оҷонсии зиддифасод намуда буд, ҳамроҳи як додраси додгоҳи ноҳияи Сино Раҳмиддин Раҳимзода бо фармони раисҷмуҳур аз вазифа озод шудаанд.

Дар шарҳи фармони барканории онҳо, ки имрӯз, 30 май ба имзо расидааст, “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” гуфта шудааст. Кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, эҳтимол гирифтани пора аз ҷониби онҳо ва дар асоси он боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбаташон бошад.

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, ваколати додраси додгоҳи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Раҳмат Қосимзода Маҳмуд бинобар вафоташ қатъ гардидааст.

Барканории ду додрасе, ки хабари боздошташон аввалҳои моҳи май  расонаӣ шуда буд, дар ҳолест, ки Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҳомидҷон Муҳаммадзода, Рустам Маҳмадсаидзода ва як вакили дифоъ Шаҳидҷон Ҳоҷибоев дар як посухи катбӣ (хаттӣ) ба "Азия-Плюс" таъйид кард. Аммо Оҷонсӣ рӯшан нагуфта буд, ки Муҳаммадзода ва шариконаш боздошт шудаанд ё не.

Дар посухи ин ниҳод, ки рӯзи 16-уми май ба "Азия-Плюс" расид, гуфта мешавад, ки  “нисбати Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон ва Маҳмадсаидзода Рустам Муҳаммадсаид бо моддаи 319 қисми 3 “гирифтани пора” ва нисбати Шаҳидҷон Ҳоҷибоев бо моддаҳои 36 қисми 5 “шарикони ҷиноят”, 319 қисми 3 “гирифтани пора” ва 247 қисми 4 банди “б” “қаллобӣ”-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда айни замон тафтиши пешакии он идома дорад”.

Бино ба маълумоти дарёфти "Азия-Плюс" амалиёти боздошти ин ду додрас ва як вакили дифоъ нимаи моҳи апрели имсол сурат гирифта буд, аммо он замон ниҳодҳои расмӣ ин иттилоъро тасдиқ ва рад накарданд. Дар Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ҳам он замон боздошти раис ва додарасро ба хабарнигори "Азия-Плюс" тасдиқ накарда буданд. 

Ҳарчанд дар посухи Оҷонсии зиддифасод аз боз шудани парванда алайҳи Ҳомидҷон Муҳаммадзода, Рустам Маҳмадсаидзода ва вакили дифоъ Шаҳидҷон Ҳоҷибоев бо ҷурми “гирифтани пора”  гуфта мешавад, аммо Додгоҳи олии Тоҷикистон  аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кардааст. 

Маълум нест, ки ин се нафар бо ҷурми гирифтани чӣ миқдор маблағ ва дар куҷо боздошт шудаанд. Аммо қаблан чанд манбаъ аз Додгоҳи вилояти Суғд гуфта буданд, ки “гӯё додрас ва вакили дифоъ берун аз бинои додгоҳ ва дар наздикии манзили худ” рӯзи 22-уми апрел боздошт шудаанд.

Оҷонсӣ мегӯяд, ки “пешниҳоди дигар маълумотҳо… метавонад ба рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ халал расонида, боиси поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлат ва иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ гардад, ки айни замон пешниҳоди он ғайриимкон аст”.  

Охири моҳи апрел, чанд манбаъи муътамад аз Додгоҳи вилояти Суғд боздошти додарси додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва вакили дифоъро таъйид карда буданд, аммо дар мавриди боздошти раиси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд чизе нагуфта буданд.

Ин манбаъ гуфта буд, ки  зимни як амалиёте аз суйи Оҷонсии зиддифасод (дафтари марказӣ)  ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон боздошт шудаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...