Додситони гарнизони Бохтар: Барои сабти “облава” набояд ҷавобгарӣ пешбинӣ шавад

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Прокурори гарнизони ҳарбии Бохтар Наврӯз Тоҳирзода дар робита ба пешниҳоди Вазорати дифои кишвар доир ба таъини ҷазо барои нашру паҳни иттилоъи бардурӯғ дар бораи артиш ва маъракаи даъват, аз ҷумла сабти “облава“ изҳори норозигӣ кард.

Ӯ имрӯз, 14 июл дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, ки бо пешниҳоди вазорат шинос нест, вале дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои расонидани хабари бардурӯғ моддаи махсус пешбинӣ шудааст.

“Аммо ҳарҷое ки қонуншиканӣ мешавад, бояд сабт ва баррасӣ шавад. Агар вобаста ба ҳолати иҳотагирӣ сабте дошта бошед, пешниҳод кунед, баррасӣ мекунем. Вале ба фикри ман, пешбинӣ кардани ҷазо барои сабти иҳотагарӣ лозим нест. Мо дар давлати демократӣ зиндагӣ мекунем ва бояд барои сабти қонуншиканӣ ва пешниҳоди он ҷавобгарӣ пешбинӣ нашавад”, – гуфт прокурори ҳарбӣ.

Ҳамчунин, Тоҳирзода иттилоъ дод, ки дар соли равон вобаста ба даъвати баҳорӣ 6 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш шуда, ба суд ирсол гардидааст, ки суд нисбати ҳамаи ин ҳолатҳо ҳукм содир шудааст.

“Ба таври мисол, дар давраи даъвати баҳории соли 2022 прокуратураи гарнизони ҳарбии Бохтар нисбати корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯшониён барои иҳотагирӣ (облава) бо моддаи 391 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст, ки тафтишоти пешакӣ идома дорад”, – мисол овард Тоҳирзода.    

Ёдовар мешавем, ки  Вазорати дифоъи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои нашри маълумоту сабти навори бардурӯғу беасос дар мавриди артиш ва аз ҷараёни даъват, аз ҷумла сабти ҳолати сарбозшикор ё “облава” ҷазо таъин карда шавад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...