Устоди ДМТ яке аз беҳтарин омӯзгори ИДМ дар соли 2022 дониста шуд

Шамсулло Тағоев,  сардори Маркази инноватсия ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар озмуни «Омӯзгори беҳтарин-2022» миёни омӯзгорони донишгоҳҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сазовори ҷой дуюм гардидааст. Гуфта мешавад, ки мақолаи пешниҳоднамудаи ӯ барои чоп дар 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин-2022» интихоб гардид. Тавре номбурда дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» гуфтааст, барои ширкат намудан дар озмуни […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Шамсулло Тағоев,  сардори Маркази инноватсия ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар озмуни «Омӯзгори беҳтарин-2022» миёни омӯзгорони донишгоҳҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сазовори ҷой дуюм гардидааст.

Гуфта мешавад, ки мақолаи пешниҳоднамудаи ӯ барои чоп дар 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин-2022» интихоб гардид.

Тавре номбурда дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» гуфтааст, барои ширкат намудан дар озмуни мазкур се моҳ пеш мақолаҳои худро пешниҳод намудааст.

«Дар нашри 2-юмин китоби байналмилалии «Омӯзгори беҳтарин-2022» аз Тоҷикистон мақолаи ман ва муҳаққиқи факултети информатикаи ДДБ ба номи Н.Хусрав Саёҳат Сафарова интихоб гардид. Аз ҷониби кумитаи тадорукот, ба ҷой дуюм, диплом ва медали сарисинагӣ сарфароз гардидам», – гуфтааст Тағоев.

Номбурда, инчунин яке аз иштирокчиёни фаъоли Мактаби тобистонаи байналмилалӣ мебошад, ки аз 4 то 9 июли соли равон дар Русия доир гардид.

Дар ин озмун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар: Шамсулло Тағоев аз ДМТ ва Саёҳат Сафарова – муҳаққиқи факултети информатикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав интихоб гардида буданд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон, (Қазоқистон) ва дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии «Ҳаракати умумимиллии Бобек» доир гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.