Гурӯҳи аввали ҳоҷиёни тоҷик ба ватан баргаштанд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дирӯз, 17 июл гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик баъди адои маросими ҳаҷ ба ватан баргаштанд. Тавре Афшин Муқим сардори маркази матбуоти Кумитаи дин, танзим, анъана ва ҷашну маросим ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, зоирини баргашта, ки  шуморашон 160 нафарро ташкил дод, асосан аз Душанбе будаанд.

Ба гуфтаи номбурда, баъди ворид шудани зоирон ба фурудгоҳи байналмилалии пойтахт аз онҳо тест барои муайян намудани бемории коронавирус гирифта шуда, то ҳол бемори байни зоирон тасдиқ нашудааст.

Хотиррасон мекунем, ки соли равон зимни адои маросими ҳаҷ ду ҳоҷии тоҷик Муҳаммад Расулови 62-сола, сокини шаҳри Исфара ва Қизларгул Тоҷиева, сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ фавтидаанд.

Кумитаи дин бо истинод ба  сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Тӯрахон Шарифзода хабар дода буд, ки ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштаанд.

Гуфта шуд,ки маросими ҷанозаи ҳар ду марҳум дар “Масҷид-ул-ҳаром” баргузор гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки имсол 3,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мешаванд. Арзиши сафари ҳаҷ барои тоҷикистониён имсол 60 ҳазору 520 сомонӣ (5 ҳазору 350 доллар) муқаррар шуд.

Қобили зикр аст, ки солҳои 2020 ва 2021 тибқи қарори мақомоти Арабистони Саудӣ, бинобар маҳдудиятҳои карантинӣ ба ҳаҷ рафтан ғайриимкон буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...