Гурӯҳи аввали ҳоҷиёни тоҷик ба ватан баргаштанд

Дирӯз, 17 июл гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик баъди адои маросими ҳаҷ ба ватан баргаштанд. Тавре Афшин Муқим сардори маркази матбуоти Кумитаи дин, танзим, анъана ва ҷашну маросим ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, зоирини баргашта, ки  шуморашон 160 нафарро ташкил дод, асосан аз Душанбе будаанд. Ба гуфтаи номбурда, баъди ворид шудани зоирон ба фурудгоҳи байналмилалии пойтахт аз […]

Дирӯз, 17 июл гурӯҳи аввалини зоирини тоҷик баъди адои маросими ҳаҷ ба ватан баргаштанд. Тавре Афшин Муқим сардори маркази матбуоти Кумитаи дин, танзим, анъана ва ҷашну маросим ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, зоирини баргашта, ки  шуморашон 160 нафарро ташкил дод, асосан аз Душанбе будаанд.

Ба гуфтаи номбурда, баъди ворид шудани зоирон ба фурудгоҳи байналмилалии пойтахт аз онҳо тест барои муайян намудани бемории коронавирус гирифта шуда, то ҳол бемори байни зоирон тасдиқ нашудааст.

Хотиррасон мекунем, ки соли равон зимни адои маросими ҳаҷ ду ҳоҷии тоҷик Муҳаммад Расулови 62-сола, сокини шаҳри Исфара ва Қизларгул Тоҷиева, сокини 64-солаи ноҳияи Қубодиён зимни адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ фавтидаанд.

Кумитаи дин бо истинод ба  сардухтури мавсими ҳаҷ-2022 Тӯрахон Шарифзода хабар дода буд, ки ҳарду зоири тоҷик бинобар сабаби сактаи дил даргузаштаанд.

Гуфта шуд,ки маросими ҷанозаи ҳар ду марҳум дар “Масҷид-ул-ҳаром” баргузор гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки имсол 3,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф мешаванд. Арзиши сафари ҳаҷ барои тоҷикистониён имсол 60 ҳазору 520 сомонӣ (5 ҳазору 350 доллар) муқаррар шуд.

Қобили зикр аст, ки солҳои 2020 ва 2021 тибқи қарори мақомоти Арабистони Саудӣ, бинобар маҳдудиятҳои карантинӣ ба ҳаҷ рафтан ғайриимкон буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.