Шералӣ Кабир: “Тоҷикистон содироти ангиштро ба хориҷи кишвар қариб 15 баробар зиёд кард”

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 17,3% афзуд.

Вазир саноат ва технолгияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 июл изҳор намуд, ки дар ин давра ба маблағи 19,1 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки 2,8 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба истиснои нерӯи барқ, об ва маҳсулоти чопӣ (полиграфия) 26,3% афзуда, Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиш дар байни кишварҳои ИДМ боз дар ҷои аввал қарор гирифт.

Вазир изҳор намуд, ки аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда 57,2%-аш ба саноати коркарди кӯҳӣ, 24%-аш – ба саноати истихроҷ ва 18,4%-аш ба бахши энергетика рост меояд.

Зикр шуд, ки аз нисф зиёди маҳсулоти саноатӣ – 58,3% дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст.

Дар зарфи 6 моҳ содироти ангишт аз Тоҷикистон қариб 15 маротиба афзуда, дар ин давра ҳудуди 279 ҳазор тонна (ҳамин давраи соли гузашта – ҳамагӣ 19 ҳазор тонна) ангишт ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст.

Дар ин давра ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз қабили маъдани тозашуда (190 ҳазор тонна), семент (677 ҳазор тонна), нахи пахта (ҳудуди 50 ҳазор тонна), маҳсулоти дӯзандагӣ (12 млн доллар), пӯст (2,1 ҳазор тонна), хушкмева (18,6 ҳазор тонна), нӯшокиҳои ташнашикан (6,6 ҳазор тонна) ва орди гандум (1,4 ҳазор тонна) ба таври назаррас зиёд шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содироти риштаи пахтагин, маснуоти ҷӯроббофӣ,  абрешим ва маҳсулоти консервшуда кам шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...