Шералӣ Кабир: “Тоҷикистон содироти ангиштро ба хориҷи кишвар қариб 15 баробар зиёд кард”

Нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 17,3% афзуд. Вазир саноат ва технолгияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 июл изҳор намуд, ки дар ин давра ба маблағи 19,1 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки 2,8 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат […]

Нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 17,3% афзуд.

Вазир саноат ва технолгияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 18 июл изҳор намуд, ки дар ин давра ба маблағи 19,1 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки 2,8 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда ба истиснои нерӯи барқ, об ва маҳсулоти чопӣ (полиграфия) 26,3% афзуда, Тоҷикистон аз рӯи суръати афзоиш дар байни кишварҳои ИДМ боз дар ҷои аввал қарор гирифт.

Вазир изҳор намуд, ки аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии дар Тоҷикистон истеҳсолшуда 57,2%-аш ба саноати коркарди кӯҳӣ, 24%-аш – ба саноати истихроҷ ва 18,4%-аш ба бахши энергетика рост меояд.

Зикр шуд, ки аз нисф зиёди маҳсулоти саноатӣ – 58,3% дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст.

Дар зарфи 6 моҳ содироти ангишт аз Тоҷикистон қариб 15 маротиба афзуда, дар ин давра ҳудуди 279 ҳазор тонна (ҳамин давраи соли гузашта – ҳамагӣ 19 ҳазор тонна) ангишт ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст.

Дар ин давра ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз қабили маъдани тозашуда (190 ҳазор тонна), семент (677 ҳазор тонна), нахи пахта (ҳудуди 50 ҳазор тонна), маҳсулоти дӯзандагӣ (12 млн доллар), пӯст (2,1 ҳазор тонна), хушкмева (18,6 ҳазор тонна), нӯшокиҳои ташнашикан (6,6 ҳазор тонна) ва орди гандум (1,4 ҳазор тонна) ба таври назаррас зиёд шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содироти риштаи пахтагин, маснуоти ҷӯроббофӣ,  абрешим ва маҳсулоти консервшуда кам шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.