ВКД гуфт, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба аъзогӣ дар Ҳизби мамнуи наҳзати исломи Тоҷикистон гумонбар мешавад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ба аъзогӣ дар Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом гумонбар мешавад.

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати ҷиноятҳои муташакили ВКД имрӯз, 19 июл дар нишасти матбуотӣ дар посух ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, тибқи иттилое, ки онҳо дар даст доранд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ барои истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияи давлатӣ ва таҳқири ӯ ва аъзогӣ ба Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом гумонбар мешавад.

– Нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз ҷониби додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияи давлатӣ ва таҳқиқри ӯ, инчунин, барои аъзогӣ ба ташкилоти экстримистӣ ва терористии наҳзати исломӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад, – афзуд Ҳафиззода.

Номбурда ба дархости ботакрори рӯзноманигорон дар мавриди моддаи мушаххасе, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба он гунаҳкор мешавад, посух надод ва танҳо илова кард, ки ҷузъиёти бештарро аз додситонӣ пурсанд, чун парвандаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ онҷо таҳқиқ мешавад.

Бо гузашти беш аз ду моҳ додситони ноҳияи Шоҳмансур боздошти Абдуллоҳро шарҳ надодааст.

Ҳамчунин, кӯшишҳои мо барои дарёфти вакили дифои Абдуллоҳ барои шарҳи масъала бенатиҷа анҷом ёфт.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ҳамроҳи Далери Имомалӣ, журналист ва блогери дигари тоҷик, ки барои “Ютуб” гузориш омода мекарданд, рӯзи 15 июни соли равон аз ҷониби додситонии ноҳияи Шоҳмансур боздошт ва баъдан ба муддати ду моҳ ба ҳабс гирифта шуданд.

Тавре қаблан вакили дифои онҳо хабар дода буд, нисбати Абдуллоҳ бар асоси аризаи корманди ШКД ноҳияи Шоҳмансур бо моддаи 328 қисми 1 (итифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) парванда боз шудааст.

Далери Имомалӣ бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ- моддаи 291 қисми 1 (соҳибкории ғайриқонунӣ), 346 қисми 1 банди “а“ (дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва моддаи нав – 307 прим 3 қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ) айбдор мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Додситонии кули кишвар дар нишасти матбуотии чанд рӯз пеш, танҳо аз як моддаи Далери Имомалӣ ёдовар шуд ва гуфт, ки ӯ ба напардохтани 96 ҳазор сомонӣ андоз гумонбар мешавад. Маълум нест, ки ду моддаи дигар нисбати ӯ ҳазф шудааст ё не.

Қаблан гуфта мешуд, ки Далер қисман ба гуноҳи худ иқрор шуда, Абдуллоҳ иттиҳомро пурра рад кардааст.

Наздикони Абдуллоҳ ҳамагӣ як маротиба бо ӯ дар боздоштгоҳи КДАМ дидорбинӣ карданд ва гуфтанд, ки ҳолаш хуб буда, бовар дорад, ба наздикӣ  ба озодӣ мебарояд.

Ин бори аввал нест, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ  зимни иҷрои фаъолияти касбиаш ба монеаҳо дучор мешавад. Соли 2020 Абдуллоҳ ду маротиба аз сӯи шахсони ношинос мавриди латукӯб қарор гирифт. Танҳо дар як маврид се ҳамлагар барои авбошӣ 580 сомонӣ ҷарима шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...