Вазорати маориф: Дар Тоҷикистон тақрибан 3,5 ҳазор омӯзгор намерасад

То 1 майи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 3 ҳазору 400 нафар омӯзгорон тарки пеша кардаанд. Дар ин бора имрӯз 19 июл Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Вазири маориф мегӯяд, тибқи омор имсол беш аз 14 ҳазор  донишҷӯ риштаи омузгориро хатм мекунанд, ки аз ин шумора ҳудуди […]

То 1 майи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 3 ҳазору 400 нафар омӯзгорон тарки пеша кардаанд. Дар ин бора имрӯз 19 июл Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Вазири маориф мегӯяд, тибқи омор имсол беш аз 14 ҳазор  донишҷӯ риштаи омузгориро хатм мекунанд, ки аз ин шумора ҳудуди 7 ҳазорашон тариқи ройгон таҳсил мекунанд. Ӯ афзуд, ки нафароне ки тариқи ройгон таҳсил мекунанд, бояд ҳатман баъди хатм бо кор  таъмин карда шаванд.

"Ин мушкил дар саросари ҷаҳон ҷой дорад, – иброз дошт вазир. – Дар назди Вазорат ситоди доимӣ амал карда, ин мушкилотро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва роҳҳои ҳаллашро меҷӯяд”.

Раҳимзода мегӯяд ба ихтисосҳое ки омӯзгор намерасад, дар назди вазорат бо ҷойи кор таъмин кардан дар мадди аввал аст.

Бино ба гуфтаи вазир, дар мактабҳо қариб 2 ҳазор нафар омӯзгорон берун аз  ихтисосҳои худ дарс медиҳанд.

Вазир аз сифати таҳсил ва омӯзиши забони модарӣ ва хориҷӣ ба унвони ду мушкили асосии Вазорати маориф ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ин мушкилот бояд дар навбати аввал ҳалли худро ёбанд.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврали соли ҷорӣ вазири пешини маориф Маҳмадюсуф Имомзода дар ин робита изҳор намуда буд, ки ҳарчанд ин мушкилот ҷой дошта бошад ҳам, лекин аз ин фоҷеа сохтан лозим нест.

“Аз мактаб рафтан, ба мактаб қабул кардан, ҳамин динамика дар соҳаи мо ҳаст, ин падидаи нав нест. Сабабу омилҳои аз кор рафтани омӯзгорон маош, фавт, беморӣ, муҳоҷират, нафақа ва иваз намудани ҷои зист аст, – гуфта буд Имомзода.

Вазири маориф ва илм ба пурсиши ботакрори журналистон, ки дар маҷмӯъ, дар кулли ҷумҳурӣ чанд омӯзгорон тарки соҳа кардаанд, посух надод ва танҳо гуфт, ки “айни ҳол норасоии омӯзгорон дар тамоми ҷумҳурӣ 1124 нафарро ташкил медиҳад”.

Бино ба маълумоти Вазорат, айни замон дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 940 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, 128 ҳазору 827 нафар омӯзгорон дар онҳо машғули коранд.

Қобили зикр аст, ки  имсол ба соҳаи маориф 6 млрд 304 млн 25 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки 11,3% зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.