Мусофиргирии барзиёд аз байн меравад? Назорат болои фаъолияти автобусу троллейбусҳо сахттар мешавад

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар марҳалаи аввал дар 250 автобус ва 100 троллейбуси шаҳри Душанбе таҷҳизоти “GPS  tracker” насб гардид, ки фаъолияти онҳо дар хатсайрҳо тариқи электронӣ назорат мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Таҷҳизоти муосир ҳаракати автобусу троллейбусҳоро дар хатсайр, хароҷоти сӯзишворӣ ва шумораи мусофиронро дар нақлиёт назорат хоҳад кард.

Ин ниҳод мегӯяд, дирӯз, 19 июл дар асоси қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ “Маркази ягонаи танзимгарӣ оид ба назорати электронии фаъолияти автобусу троллейбусҳо дар хатсайрҳо дар шаҳри Душанбе” рӯнамоӣ шуд ва он дар назди шуъбаи танзими МДК "Душанбенақлиётхадамотрасон" фаъолият хоҳад кард

Масъулин гуфтаанд, ки ба фаъолият оғоз намудани ин марказ сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ва назоратро болои ронандагон пурзӯртар мекунад.

 «Тавассути барномаи мазкур ҳамарӯза метавон маълумоти мушаххасро доир ба масофаи тайкардаи воситаи нақлиёт, хароҷоти сузишворӣ, шумораи мусофироне, ки давоми рӯз дохили воситаи нақлиёт гардидаанд, дастрас намуд», – гуфтааст, Саъдӣ Самадзода, директори КВД «Шаҳри ҳушманд».

Фирдавс Саидзода, муовини раиси шаҳри Душанбе афзудааст, ки амалишавии барномаи мазкур ҳаракати мунтазами автобусу троллейбусҳоро дар хатсайрҳои пойтахт таъмин мекунад.

«Дар ҳоли ҳозир роҳбарони корхонаҳои нақлиётиро зарур аст, ки ба шабакаи хатсайрҳо автобусу троллейбусҳоеро сафарбар намоянд, ки дар онҳо таҷҳизотҳои “GPS  tracker” насб гардидааст.  Дар марҳилаи дуюм хатсайрҳои автобус ва троллейбусҳоеро, ки фаъолияти онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои марказӣ ба роҳ монда шудааст, пурра ба таҷҳизоти GPS  tracker таъмин намоянд», – иброз намудааст Саидзода.

Насби дастгоҳи назоратӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, махсусан автобусу троллейбусҳо ва назорати фаъолияти онҳо дар ҳолест, ки қариб ҳамарӯза сокинон аз сатҳу сифати фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят мекунанд. Онҳо аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон, муомилаи бади ронандагон бо онҳо ва сатҳи пасти хизматрасонӣ шикоят мекунанд. Мақомот сари чанд вақт аз боздошт ва ҷазои ронандагони “беодоб” хабар медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...