Воридоти маҳсулоти ғизоӣ ба Тоҷикистон кам шуд, ба ҷуз шакар

Бори аввал тайи 6 моҳи соли 2022 воридоти гандуму орд, биринҷ, картошка, меваҳои тропикӣ ва субтропикӣ, инчунин дигар маҳсулоти гуногуни истеъмолӣ ба Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 19 июл раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода хабар дод. Дар ҳамин ҳол, воридоти шакар (қанд) ба ҷумҳурӣ зиёд […]

Бори аввал тайи 6 моҳи соли 2022 воридоти гандуму орд, биринҷ, картошка, меваҳои тропикӣ ва субтропикӣ, инчунин дигар маҳсулоти гуногуни истеъмолӣ ба Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 19 июл раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода хабар дод. Дар ҳамин ҳол, воридоти шакар (қанд) ба ҷумҳурӣ зиёд шудааст.

“Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 356 ҳазор тонна гандум харид, ки 19 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад", – гуфт раиси Кумита.

Зикр шуд, ки аз оғози сол ба ҷумҳурӣ зиёда аз 87 ҳазор тонна шакар (қанд) оварда шудааст, ки 2,9 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба 6 моҳи соли 2021 аст. Бо сабаби рӯйдодҳо байни Русия ва Украина, мо ба Ҳиндустон ва Покистон таваҷҷуҳ карда, имрӯз қисмати зиёди шакар аз ин кишварҳо ворид карда мешавад”.

Бино ба маълумоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, нимсолаи аввал 3,9 ҳазор тонна маҳсулоти гӯштӣ, 5,6 ҳазор тонна маҳсулоти ширӣ, 1,5 млн чӯҷа, ҳудуди 8 млн дона тухми инкубатсионӣ, 2,4 ҳазор тонна маҳсулот аз моҳӣ, наздики 330 ҳазор тонна хӯрокаи чорво ва ғайра аз назорати фитосанитарӣ дар сарҳад гузаронида шуданд.

Ба гуфтаи Файзуллозода, имсол содироти меваи тару тоза ва хушкмева аз Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза зиёд шудааст. Дар ин давра ба хориҷи кишвар 12,8 ҳазор тонна меваи тару тоза ва зиёда аз 20 ҳазор тонна хушкмева содир шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутансибан 7,7 ҳазор тонна ва 8 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.