То 1,5 ҳазор сомонӣ. Нархи чиптаи қатораи Душанбе-Волгоград маълум шуд

Зоиршо Файзуллоев, муовини сардори Хадамоти бехатарии қатораҳо дар минтақаи Хатлон зимни нишасти матбуотӣ аз нархи эҳтимолии роҳкирои қаторҳои хатсайри Душанбе-Волгоград хабар дод ва гуфт, фурӯши чиптаҳо рӯзҳои наздик оғоз мешавад. “Мувофиқи ҳисоби пешакӣ, нархи чиптаи хатсайри Душанбе-Волгоград 1400-1500 пешбинӣ шудааст. Агар чипта пештар аз як моҳ харидорӣ шавад, то 200-300 сомонӣ арзон меафтад”- гуфт ин […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Зоиршо Файзуллоев, муовини сардори Хадамоти бехатарии қатораҳо дар минтақаи Хатлон зимни нишасти матбуотӣ аз нархи эҳтимолии роҳкирои қаторҳои хатсайри Душанбе-Волгоград хабар дод ва гуфт, фурӯши чиптаҳо рӯзҳои наздик оғоз мешавад.

“Мувофиқи ҳисоби пешакӣ, нархи чиптаи хатсайри Душанбе-Волгоград 1400-1500 пешбинӣ шудааст. Агар чипта пештар аз як моҳ харидорӣ шавад, то 200-300 сомонӣ арзон меафтад”- гуфт ин масъули роҳи оҳани Тоҷикистон дар минтақаи Хатлон.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки кушодашавии хатсайрҳои дигари қаторҳои мусофирбарӣ низ дар назар аст. Ӯ аз роҳандозии хатсайри мушаххас дар ин маврид ном набурд.

Ёдовар мешавем, ҳаракати дубораи қатораҳои мусофирбарӣ баъди беш аз ду соли таваққуф байни ду кишвар рӯзи  30 августи соли 2022 шурӯъ мешавад.

Аз КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аз сар гирифтани ҳаракати қатораҳои мусофирбарро байни ду кишвар тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ин тасмим чанде пештар дар пайи сафари роҳбарияти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба Русия ва мулоқот бо ҳамтоён дар ин кишвар рӯи даст гирифта шуд.

“Спутник Тоҷикистон” менависад, ки қатораи нахустини мусофирбари №329/330 аз Душанбе ба Волгоград ҳафтае як маротиба – рӯзҳои сешанбе ва аз Волгоград ба Душанбе рӯзҳои ҷумъа ҳаракат хоҳад кард.

Аввалин қатораи мусофирбар баъди танаффуси тӯлонӣ рӯзи 30 августи соли равон аз Душанбе ба Волгоград сафар раҳсипор хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, ҳаракати қатораҳои мусофиркаш аз Хуҷанд ба Волгоград низ барқарор мешавад ва рӯзҳои чоршанбе аз Хуҷанд ба Волгоград ва рӯзҳои шанбе аз Волгоград ба Хуҷанд сафар мекунад.

Нахустин ҳаракати қатора аз Хуҷанд ба Волгоград рӯзи 7 сентябри соли равон тавассути қатораи мусофирбари №359/360 сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 17 марти соли 2020 ҳаракати қатораҳо миёни Тоҷикистон ва Русия бо далели хуруҷи бемории коронавирус муваққатан қатъ шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.