Президент дар бораи тарҳрезии стратегӣ ва хоҷагии ёрирасони шахсӣ қонунҳо ба имзо расонид

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми июл ба як қатор қонунҳо имзо гузошт.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, қонунҳо “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ”, “Дар бораи  дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ”, “Дар бораи  моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” ва “Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

“Қонун “Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ” ба густариши раванди таҳия, тасдиқ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва рушди соҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар нигаронда шудааст”, – шарҳ дода мешавад дар хабари хадамоти матбуот.

Гуфта мешавад, дар қонун “Дар бораи  моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ” доир ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ, ҳифзи захираҳои он, рушди соҳибкории соҳа ва бунёди ҷойҳои нави корӣ сухан меравад.

“Қонун “Дар бораи  дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ” масъалаҳои коркард, муомилот, назорати сифати дору ва роҳҳои таъмини аҳолиро бо дору ва дигар молҳои тиббӣ танзим менамояд”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...