Вохӯрии V сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

«Бо камоли майл раёсати Ҷаласаи ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорам.  Ба оқсақоли муҳтарам, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович, раёсати бомуваффақият ва пурсамар таманно дорам”, – гуфт раисиҷумҳури Қирғизистон Садир Жапаров дар шаҳри Чолпон-Ота, ки дар он мулоқоти чоруми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба поён расид.

"То боздиди оянда дар Душанбе"– Жапаров ҷаласаро ҷамъбаст кард, хабар медиҳад АКИpress.

Дар ҳамин ҳол, Садир Жапаров ба ҳамкасбонаш пешниҳод кардааст, ки масъалаи вуруди Озарбойҷон ба нишасти ояндаро баррасӣ кунанд.

"Мо ин дафъа мехостем, ки ширкат кунем, аммо то ҳол тавофуқ ҳосил нашудааст", – хулоса кард Жапаров ва пешниҳод кард, ки ба вазирони кишварҳои ширкаткунанда дастур дода шавад, ки ин масъаларо ҳал кунанд.

Дар натиҷаи мулоқот дар Чолпон-Ато созишномаҳо зерин имзо карда шуданд;

 – қарори сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал дар бораи тамдиди салоҳияти президенти Хазина

 – изҳороти муштараки Ҷаласаи машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ

 – консепсияи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар доираи форматҳои бисёрҷониба

 – Барномаи минтақавии «Рӯзномаи сабз барои Осиёи Марказӣ»

 – харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ барои солҳои 2022-2024.

Илова бар ин сарони се кишвар – раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қирғизистон Садир Жапаров, раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Созишнома дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI»-ро ба имзо расониданд

«Ман итминон дорам, ки ин санади муҳим ба равандҳои наздикшавии минбаъдаи кишварҳои минтақаи мо ва муттаҳидсозии саъю талошҳои муштарак дар рафъи чолишҳо ва таҳдидҳои ба вуҷуд омадаи замони мо таъсири мусбат хоҳад дошт.  Ин як лаҳзаи таърихӣ аст ва умедворам, ки ин Шартнома заминаи боэътимоди шукуфоии муштарак дар фазои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд”, – гуфт Садир Жапаров.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, сарони давлатҳо пешниҳоди президенти Тоҷикистонро дар бораи баргузории Вохӯрии панҷуми ҷашнии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе, ки дар як вақт бо ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мешавад, ҷонибдорӣ намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...