Тоҷикистон ва Туркманистон “Созишнома дар бораи дӯстӣ”-ро дертар имзо мекунанд

Тоҷикистон ва Туркманистон ба “Созишнома дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI» дертар имзо хоҳанд кард, хабар додаанд ба AКИpress  аз хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.  "Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Сердар Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ дар кишварҳояшон ин санадро имзо мекунанд", — омадааст дар […]

Тоҷикистон ва Туркманистон ба “Созишнома дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI» дертар имзо хоҳанд кард, хабар додаанд ба AКИpress  аз хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон.

 "Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Сердар Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ дар кишварҳояшон ин санадро имзо мекунанд", — омадааст дар хабар.

Созишнома дар пайи натоиҷи нишасти чаҳоруми машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Ата аз ҷониби сарони Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид.

 Ёдовар мешавем, ки тарҳи ““Созишнома дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI»-ро Қазоқистон таҳия кардааст.

"Дар шароити нооромиҳои геополитикӣ, ташаннуҷ дар арсаи байналмилалӣ, афзоиши хатарҳои амнияти ҷаҳонӣ, амиқтар шудани ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Қазоқистон аҳамияти бештар пайдо мекунад", — омадааст дар баёнияи тавзеҳи фармони раисиҷумҳури Қазоқистон.

Кишварҳое, ки ин ҳуҷҷатро имзо кардаанд, ӯҳдадор мешаванд, ки "барои мустаҳкам намудани сулҳу субот ва бехатарии минтақа ҳамкории зич роҳандозӣ кунанд".

Дар назар аст, ки пеш аз ҳама ҳамкориҳо дар бахшҳои низомӣ ва ҳарбию техникӣ густариш дода шаванд.

Дар мавридҳои зарурӣ тарафҳо ӯҳдадор мешаванд, ки ба якдигар барои пешгирӣ кардани таҳдид ба истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ аз ҳамдигар ҳимоят ва кумакҳои мутақобили ҳамаҷониба ироа кунанд.

Дар баробари ин ба онҳо лозим меояд, ки «дар муносибатҳои байни давлатҳо аз кор фармудани зурӣ ё таҳдиди зӯурӣ даст кашанд, ӯҳдадор шаванд, ки ба иттифоқҳои ҳарбӣ, блокҳо ва дигар иттиҳодияҳои давлатҳо, ки ба муқобили тарафҳои аҳдкунанда нигаронида шудаанд, дохил нашаванд».

Дар ин ҳуҷҷат иштирок кардан дар кирдорҳои зидди ҳар кадоми онҳо қатъиян манъ карда шудааст.

Масъалаҳои баҳсбарангези байни худро кишварҳо "танҳо дар чаҳорчӯби муколама бо роҳи осоиштаи дипломатӣ, аз ҷумла тавассути эҷоди механизмҳои муносиби ҳамкорӣ дар ҳолати зарурӣ" ҳал хоҳанд кард.

Онҳо ӯҳдадор мешаванд, ки аз истифодаи кишварҳои сеюм аз сарзаминҳо системаҳои иртиботӣ ва дигар зерсохторҳои худ ба зарари ҳокимят, амният, субот ва тамомияти арзии ҳамдигар ҷилавгирӣ кунанд.

Дар тарҳи Созишнома ҳамчунин фаъолсозии ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, логистикӣ, фарҳангию гуманитарӣ, ҳамчунин дар бахшҳои дифоъи шаҳрвандӣ, энергетика ва сайёҳӣ пешбинӣ шудааст.

Салоҳияти кишварҳои иштироккунанда шартномаи СММ мебошад ва онҳо ӯҳдадор мешаванд, ки барои таҳкими нақши марказии ин созмон саъй кунанд.

«Аҳднома барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои Осиёи Марказӣ, ташаккули модели оптималии муносибатҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳияи равишҳои муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир заминаи устувор буда, ба рушд низ мусоидат хоҳад кард», – изҳори итминон кардаанд муалифони тарҳ.

Созишнома ба мӯҳлати номуайян баста мешавад, ҳар кишвар метавонад бо огоҳии хаттӣ аз он хориҷ шавад, масъули нигаҳдории ҳуҷҷат Қазоқистон мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.