Агентӣ: Нафақаи миёна на 1,7 сомонӣ, балки 28,62 сомонӣ зиёд шуд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маълумот медиҳад, ки дар 6 моҳи соли равон нафақаи миёна дар Тоҷикистон ба андозаи на 1,7 сомонӣ тавре ки пештар хабар дода шуд, балки 28,62 сомонӣ зиёд шудааст.

“Гап сари он аст, ки ҳангоми чопи варқаи иттилоотӣ хатои техникӣ рафтааст. Аз ин рӯ, Агентӣ маъзарат хоста, дар ин бора маълумоти дақиқ пешниҳод мекунад: соли гузашта андозаи нафақаи миёна дар Тоҷикистон 320 сомониву 40 дирам ва дар соли равон 348 сомониву 96 дирамро ташкил медиҳад”, – изҳор намуданд дар Агентӣ.

Дар Агентӣ зикр карданд, ки дигар рақамҳои дар маълумот зикршуда дурустанд.

Бино ба маълумоти Агентӣ, айни замон ҳаҷми нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ тариқи зайл аст:

– дар Душанбе – 429, 15 сомонӣ;

– дар ВМКБ – 406,93 сомонӣ;,

– дар Хатлон – 313,19 сомонӣ;

– дар Суғд – 303,21 сомонӣ;

– дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 299,57 сомонӣ.

Дар нишасти матбуотии Агентӣ зикр шуд, ки шумори нафақахӯрон то 1 июл ба 761 ҳазору 312 нафар расида, барои пардохти нафақа давлат ҳар моҳ 253,3 млн сомонӣ маблағ ҷудо мекунад, ки 2,4% ё худ 5,9 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...