Агентӣ: Нафақаи миёна на 1,7 сомонӣ, балки 28,62 сомонӣ зиёд шуд

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маълумот медиҳад, ки дар 6 моҳи соли равон нафақаи миёна дар Тоҷикистон ба андозаи на 1,7 сомонӣ тавре ки пештар хабар дода шуд, балки 28,62 сомонӣ зиёд шудааст. “Гап сари он аст, ки ҳангоми чопи варқаи иттилоотӣ хатои техникӣ рафтааст. Аз ин рӯ, Агентӣ маъзарат хоста, дар ин бора маълумоти […]

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маълумот медиҳад, ки дар 6 моҳи соли равон нафақаи миёна дар Тоҷикистон ба андозаи на 1,7 сомонӣ тавре ки пештар хабар дода шуд, балки 28,62 сомонӣ зиёд шудааст.

“Гап сари он аст, ки ҳангоми чопи варқаи иттилоотӣ хатои техникӣ рафтааст. Аз ин рӯ, Агентӣ маъзарат хоста, дар ин бора маълумоти дақиқ пешниҳод мекунад: соли гузашта андозаи нафақаи миёна дар Тоҷикистон 320 сомониву 40 дирам ва дар соли равон 348 сомониву 96 дирамро ташкил медиҳад”, – изҳор намуданд дар Агентӣ.

Дар Агентӣ зикр карданд, ки дигар рақамҳои дар маълумот зикршуда дурустанд.

Бино ба маълумоти Агентӣ, айни замон ҳаҷми нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ тариқи зайл аст:

– дар Душанбе – 429, 15 сомонӣ;

– дар ВМКБ – 406,93 сомонӣ;,

– дар Хатлон – 313,19 сомонӣ;

– дар Суғд – 303,21 сомонӣ;

– дар Ноҳияҳои тобеи марказ – 299,57 сомонӣ.

Дар нишасти матбуотии Агентӣ зикр шуд, ки шумори нафақахӯрон то 1 июл ба 761 ҳазору 312 нафар расида, барои пардохти нафақа давлат ҳар моҳ 253,3 млн сомонӣ маблағ ҷудо мекунад, ки 2,4% ё худ 5,9 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.