Раёсати маорифи Душанбе: “Пул талаб карданд, ба мо муроҷиат кунед”

Манзума Фирӯз, Asis-Plus

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри як эълон, аз волидайне, ки имсол фарзандонашон бори аввал ба мактабҳои миёна барои таҳсил  мераванд, хоҳиш кардааст, ки дар ҳолати талаби маблағ аз ҷониби масъулин ба шӯъбаҳои маориф муроҷиат кунанд.

Бино ба иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, қабули хонандагони синфҳои якум дар мактабҳои давлатӣ ройгон мебошад.

Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки то имрӯз дар мавриди масъалаи мазкур аз ҷониби волидайн муроҷиат ё шикояте ба Раёсати маориф ворид нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, ин танҳо огоҳӣ буда, мақсад аз ин эълон пешгирии омилҳои коррупсионӣ мебошад.

«То имрӯз шикояте ворид нашудааст ва дар ҳолати ворид шудан ва бо факту далел пешниҳод намудани ҳолат, дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор чораандешӣ карда мешавад . Ҳамзамон, ҳангоми аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимии Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдакон ба синфи якум, волидон бояд аз масъулон расид барои супоридани маблағ талаб кунанд», – илова намуд Бобозода.

Номбурда инчунин гуфт, ки дар ҳолати муроҷиати шикоят аз ҷониби волидон, шахсияти онҳо махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва онҳо метавонанд арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе 2213092 ё почтаи электтронии [email protected] пешниҳод намоянд .

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон мувофиқи қонун “Дар бораи маориф”, ба синфи 1-ум танҳо кӯдаконе қабул карда мешаванд, ки ба синни 7-солагӣ расидаанд.

Имсол ба синфи якум кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2015 таваллуд шудаанд, қабул мешаванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2016 таваллуд шуда бошад, ӯро ба ба синфи якум қабул намекунанд. Муқаррароти зикршуда ҳам ба муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ва ҳам хусусӣ дахл дорад.

Хотиррасон мекунем, ки дар Тоҷикистон аз 1 август дар мактабҳо дарси мутобиқсозӣ барои хонандагони синфҳои 1-ум оғоз мешавад. Давраи машғулиятҳои омодагӣ ба мактаб то 20 август идома ёфта, дарсҳои пурра аз 1 сентябр оғоз мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...