Ба Тоҷикистон зиёда аз 200 ҳазор воя ваксина оварда шуд

Субҳи имрӯз, 25 июл ба Тоҷикистон 204 ҳазору 750 воя (доза) ваксинаи «Pfizer» истеҳсоли ИМА ворид гардид. Тавре ки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ваксинаҳои мазкур дар доираи механизми COVAX ворид шуда, дар анбори махсус нигоҳ дошта мешаванд. “Давоми шаш моҳи соли равон ба кишвар 1 млн 987 ҳазору 440 воя ваксинаи «Модерна», 897 390 […]

Субҳи имрӯз, 25 июл ба Тоҷикистон 204 ҳазору 750 воя (доза) ваксинаи «Pfizer» истеҳсоли ИМА ворид гардид.

Тавре ки Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ваксинаҳои мазкур дар доираи механизми COVAX ворид шуда, дар анбори махсус нигоҳ дошта мешаванд.

“Давоми шаш моҳи соли равон ба кишвар 1 млн 987 ҳазору 440 воя ваксинаи «Модерна», 897 390 воя ваксинаи «Пфайзер» ва 1 002 800 воя ваксинаи «АстраЗенека» ворид шуданд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, дар доираи механизми COVAX аз аввали маъракаи  эмгузаронӣ бар зидди COVID-19  ба Тоҷикистон беш аз 15 млн 157 ҳазор воя ваксина ворид гардидааст.

Мувофиқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аз 3 июли соли ҷорӣ, ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст.

Шахсоне, ки ваксинаи зидди коронавирус нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табиби оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки моҳи январи соли 2022 дар Тоҷикистон маъракаи ваксинзанӣ бо вояи сеюм оғоз гардид. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то аввали моҳи июл вояи 1-уми ваксинаро – 5 млн 263 ҳазору 527 нафар (94%), вояи 2-юмро – 5 млн 158 ҳазору 348 нафар (92,2%) ва вояи 3-юми ваксинаро – 4 млн 104 ҳазору 7 нафар гирифтаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.