Имсол 126 нафар тоҷикистониён барои кор ба Британияи Кабир фиристода шуданд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли равон 126 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба як кишвари аврупоӣ – Британияи Кабир сафарбар шуданд.

Дар ин бора имрӯз, 26 июл зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода хабар дод.

Ба гуфтаи вазир меҳнат, боз 200 нафари дигар интизори гирифтани раводиди ин кишвар ҳастанд.

Ширин Амонзода  гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон дар Британия асосан дар корҳои мавсимии гармхонаҳо кор мекунанд.

Мақомот мегӯянд, талош доранд теъдоди кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷикро зиёд кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, феълан 90 дарсади муҳоҷирон барои кор ба Русия ва 5 дарсад ба Қазоқистон мераванд.

Зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли равон 322 ҳазору 68 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳаиин давраи соли гузашта 2 маротиба зиёд мебошад.

Ҳамин тариқ, дар ин давра аз хориҷи кишвар 240  ҳазору 596 муҳоҷири меҳнатӣ ба ватан баргаштанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 маротиба зиёд мебошад.

Қаблан дар Вазорати меҳнат хабар дода буданд, ки ширкати бритониёӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кори мавсимӣ ба ин кишвар даъват кардааст ва то ҳол ҳудуди 1 ҳазор нафар дархост додаанд, вале баъди имтиҳони забони англисӣ ҳудуди 250 нафари онҳо (ҳамон вақт) пазируфта ва интизори даъвати кор ҳастанд.

“Талаботи ширкат танҳо як аст: донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират. Дар Бритониё онҳо дар як рӯз то ҳашт соат кор мекунанд ва барои ҳар соат кор то 12 доллар мегиранд. Дар як моҳ ҳудуди 1,5-2 ҳазор фунт стерлинг кор мекунанд. Муҳлати шартномаи кор шаш моҳ аст. Баъди шаш моҳ муҳоҷири тоҷик бояд ба ватан баргардад, – гуфта буданд дар Вазорат.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...