Ширкати намояндагони ВКХ ва МТС дар конфронси “Толибон” дар Тошканд

Тоҷикистонро дар конфронси байналмилалии "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ", ки бо ширкати “Толибон” дар шаҳри Тошканд мегузарад, як намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон дар сатҳи сардори раёсат ва як корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКХ хабар доданд. Манбаъ нагуфт, ки намояндаҳои Тоҷикистон дар ин конфронс […]

Тоҷикистонро дар конфронси байналмилалии "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ", ки бо ширкати “Толибон” дар шаҳри Тошканд мегузарад, як намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон дар сатҳи сардори раёсат ва як корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ВКХ хабар доданд.

Манбаъ нагуфт, ки намояндаҳои Тоҷикистон дар ин конфронс суханронӣ мекунанд ё не.

Танҳо афзуд, мавқеи Тоҷикистон дар робита ба шинохт ва эътирофи ҳукумати муваққатии “Толибон” тағйир накардааст ва то ба ҳол ба он мавқеянд, ки  раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар мавриди шинохти “Толибон” таъкид менамояд.

Ёдовар бояд шуд, ки бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон, дирӯз, дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ” конфронси байнулмилалӣ ба кор оғоз кард, ки то 26 июл давом мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар конфронс намояндагони махсус оид ба Афғонистони Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо, Эрон, Италия, Испания, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин, Норвегия, Покистон, Русия, ИМА, Туркия, Ҷопон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд.

Ғайр аз ин, дар кори конфронс иштироки раҳбарият СММ, намояндагони Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ дар назар аст.

Ба сурати умум, дар кори ин конфронси байнулмилалӣ ҳудуди 100 ҳайати кишварҳои хориҷӣ ширкат меварзанд.

Қаблан, “Толибон” изҳори умедворӣ крада буданд, ки вохӯрӣ дар Тошканд робитаҳояшонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик мекунад ва ба интизориҳову талаботи ҳукумату мардуми Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.

"Умедворем, ки дар ин нишаст ниёзҳои мардум ва ҳукумати Афғонистон, роҳҳои ҳалли мушкилоти кишвар баррасӣ хоҳад шуд", – иброз дошта буд муовини намояндаи расмии “Толибон” Билол Каримӣ дар суҳбат бо “Eadaily”.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.