“Толибон” умедворанд, ки вохӯрӣ дар Тошканд робитаҳояшонро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик мекунад

Имрӯз дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ” конфронси байнулмилалӣ ба кор оғоз мекунад. Он бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон даъват шуда, то 26 июл давом мекунад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар кори конфронс масоили ҳамоҳангсозии амалҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳияи пешниҳодоти мушаххас оид ба барқарор намудани иқтисоди ин кишвар, […]

Asia-Plus

Имрӯз дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ” конфронси байнулмилалӣ ба кор оғоз мекунад. Он бо ташаббуси президенти Ӯзбекистон даъват шуда, то 26 июл давом мекунад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар кори конфронс масоили ҳамоҳангсозии амалҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳияи пешниҳодоти мушаххас оид ба барқарор намудани иқтисоди ин кишвар, таъҷилан расонидани кумаки башардӯстона ба мардум, роҳандозии муколамаи пурсамар бо намояндагони ҳаракат оид ба масоили иҷрои талаботи калидии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби онҳо баррасӣ мешавад.

Гуфта мешавад, инчунин атрофи масъалаҳои таъсиси ҳукумат бар асосии намояндагии васеи тамоми қишри ҷомеа, риояи ҳуқуқҳои занон, масоили таъмини амният, амалисозии лоиҳаҳи гуногуни зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетика ва дигар масоли мубрами вобаста ба вазъият дар Афғонистон табодули назар сурат мегирад.

Барои иштирок дар кори конфронс як ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ Амирхон Муттақӣ ба пойтахти Ӯзбекистон омадаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар конфронс намояндагони махсус оид ба Афғонистони Британияи Кабир, Иттиҳоди Аврупо, Эрон, Италия, Испания, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон, Тоҷикистон, Чин, Норвегия, Покистон, Русия, ИМА, Туркия, Ҷопон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд.

Ғайр аз ин, дар кори конфронс иштироки раҳбарият СММ ва мақомоти оинномавии он, намояндагони Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ дар назар аст.

Ба сурати умум, дар кори ин конфронси байнулмилалӣ ҳудуди 100 ҳайати кишварҳои хориҷӣ ширкат меварзанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Eadaily, “Толибон” умедворанд, ки вохӯрӣ дар Тошканд робитаҳои онҳоро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ наздиктар намуда, ба интизориҳо ва талаботи ҳукумату мардуми Афғонистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.

"Умедворем, ки дар ин нишаст ниёзҳои мардум ва ҳукумати Афғонистон, роҳҳои ҳалли мушкилоти кишвар баррасӣ хоҳад шуд", – иброз доштааст дар ин робита муовини намояндаи расмии Афғонистон Билол Каримӣ.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.