Вазири тандурустӣ тарзи интихоби сокини 10-миллионии Тоҷикистонро шарҳ дод

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сокини 10-миллионии Тоҷикистон тасодуфӣ интихоб нашуда, пешакӣ дар ин самт омодагӣ гирифта шуда буд, изҳор дошт зимни нишасти матбуотии рӯзи 27 июл вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода.

Вазири тандурустӣ ба рӯзноманигорон итминон дод, ки ҳамаи ҷараёни интихоб шаффоф сурат гирифт.

“Сокини 10-миллионии кишвар тибқи нақшаи комиссияи дахлдори Вазорати тандурустӣ ва Агентии омор муайян карда шуд, – гуфт Абдуллозода. –  Комиссия муайян кард, ки кӯдак дар фосилаи вақти байни 12:27-12:30 дақиқаи рӯзи 30 июл ба дунё меояд. Аз ин рӯ, ба таваллудхонаҳо дастур додем, ки дар бораи ҳамаи таваллудҳо дар ин фосилаи вақт ба Вазорат хабар диҳанд”.

Ба гуфтаи вазир, дар фосилаи вақти зикршуда дар бораи таваллуди кӯдак аз таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе хабар расид.

Дар ҳамин ҳол, ба саволи журналистон дар бораи чаро тез-тез дар Душанбе таваллуд шудани “миллиониҳо”, вазир посух дод, ки дар пойтахт таваллудхонаҳо бештар буда, таваллуд ҳам зиёдтар аст.

“Дар Душанбе 4 таваллудхона бо 730 кат ва дар Хуҷанд 2 таваллудхона бо 170 кат амал мекунанд. Шумори таваллудхонаҳо дар Кӯлоб ва Бохтар нисбат ба Душанбе хеле камтар аст. Аз ин рӯ, аз лиҳози шумори таваллуд пойтахт аз ҳама минтақаҳо пешсаф аст", – изҳор дошт вазир.

Ёдрас мекунем, ки сокини 10-миллионии Тоҷикистон 23 июл дар таваллудхонаи№2-и пойтахт таваллуд шуд. Кӯдакро Фирдавс номгузорӣ карданд. Ҳукумат ба оилаи Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова хонаи сеҳуҷрагӣ туҳфа кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...