Вазири тандурустӣ тарзи интихоби сокини 10-миллионии Тоҷикистонро шарҳ дод

Сокини 10-миллионии Тоҷикистон тасодуфӣ интихоб нашуда, пешакӣ дар ин самт омодагӣ гирифта шуда буд, изҳор дошт зимни нишасти матбуотии рӯзи 27 июл вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода. Вазири тандурустӣ ба рӯзноманигорон итминон дод, ки ҳамаи ҷараёни интихоб шаффоф сурат гирифт. “Сокини 10-миллионии кишвар тибқи нақшаи комиссияи дахлдори Вазорати тандурустӣ ва Агентии омор муайян карда шуд, […]

Сокини 10-миллионии Тоҷикистон тасодуфӣ интихоб нашуда, пешакӣ дар ин самт омодагӣ гирифта шуда буд, изҳор дошт зимни нишасти матбуотии рӯзи 27 июл вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода.

Вазири тандурустӣ ба рӯзноманигорон итминон дод, ки ҳамаи ҷараёни интихоб шаффоф сурат гирифт.

“Сокини 10-миллионии кишвар тибқи нақшаи комиссияи дахлдори Вазорати тандурустӣ ва Агентии омор муайян карда шуд, – гуфт Абдуллозода. –  Комиссия муайян кард, ки кӯдак дар фосилаи вақти байни 12:27-12:30 дақиқаи рӯзи 30 июл ба дунё меояд. Аз ин рӯ, ба таваллудхонаҳо дастур додем, ки дар бораи ҳамаи таваллудҳо дар ин фосилаи вақт ба Вазорат хабар диҳанд”.

Ба гуфтаи вазир, дар фосилаи вақти зикршуда дар бораи таваллуди кӯдак аз таваллудхонаи №2-и шаҳри Душанбе хабар расид.

Дар ҳамин ҳол, ба саволи журналистон дар бораи чаро тез-тез дар Душанбе таваллуд шудани “миллиониҳо”, вазир посух дод, ки дар пойтахт таваллудхонаҳо бештар буда, таваллуд ҳам зиёдтар аст.

“Дар Душанбе 4 таваллудхона бо 730 кат ва дар Хуҷанд 2 таваллудхона бо 170 кат амал мекунанд. Шумори таваллудхонаҳо дар Кӯлоб ва Бохтар нисбат ба Душанбе хеле камтар аст. Аз ин рӯ, аз лиҳози шумори таваллуд пойтахт аз ҳама минтақаҳо пешсаф аст", – изҳор дошт вазир.

Ёдрас мекунем, ки сокини 10-миллионии Тоҷикистон 23 июл дар таваллудхонаи№2-и пойтахт таваллуд шуд. Кӯдакро Фирдавс номгузорӣ карданд. Ҳукумат ба оилаи Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова хонаи сеҳуҷрагӣ туҳфа кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.