Роҳандозии содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин дар мулоқоти президент бо Ван И

Манзума Фирӯз,Asia-Plus

Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба бозорҳои Чин ва вазъи кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора Хадамоти матбуотии роҳбари давлат хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки мулоқоти онҳо имрӯз, 1 август сурат гирифт ва Эмомалӣ Раҳмон рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ҳарду кишварро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид кард.

«Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик буда, мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи бисёрҷанбаи ду кишвар дар ҳама шаклҳо ҳавасмандем», – менависад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ҳамчунин, ҷонибҳо роҳҳои рушди минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, «технологияҳои сабз» ва нақлиёт, аз ҷумла роҳандозии содироти маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои Чин баррасӣ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Чин барои ҷудо намудани вояҳои нави ваксина бар зидди бемории сироятии коронавирус изҳори миннатдорӣ кардааст.

Ҳамзамон дар мулоқот масъалаҳои муборизаи минбаъдаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар таҳдидҳои амниятӣ низ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо, инчунин, дар робита ба вазъи кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он низ мубодилаи афкор намуданд.

– Бояд гуфт, ки зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар сиғаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷонибҳо ба ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла, рӯзномаи ҷаласаи қарибулвуқӯи сарони давлатҳои ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, – менависад хадамоти матбуотӣ.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 31 июл Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин баъди сафари расмӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...