Австралия: Абдусалом Одиназода эътироф кардааст, ки ба ташвиқи ҳамлаҳои экстремистӣ машғул буд

Абдусалом Одиназода, донишманди биокимиёдони тоҷики муқими Австралия ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ эътироф кардааст, ки ба ташвиқи ҳамлаҳои экстремистӣ  машғул буд. Дар ин бора нашрияи маъруфи англисизабони "The West Australian"  рӯзи 1-уми августи соли равон хабар дод. Одиназода, собиқ устод Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ бо гумони даст доштан дар "тарғиби терроризм" аз сӯйи пулиси федеролии ин кишвар рӯзи 22-юми […]

Абдусалом Одиназода, донишманди биокимиёдони тоҷики муқими Австралия ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ эътироф кардааст, ки ба ташвиқи ҳамлаҳои экстремистӣ  машғул буд. Дар ин бора нашрияи маъруфи англисизабони "The West Australian"  рӯзи 1-уми августи соли равон хабар дод.

Одиназода, собиқ устод Донишгоҳи Австралияи Ғарбӣ бо гумони даст доштан дар "тарғиби терроризм" аз сӯйи пулиси федеролии ин кишвар рӯзи 22-юми декабри соли 2020 боздошт шуда буд

«Абдусалом Одиназода пас аз он ки маълум шуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби «даъват ба хушунати дорои ангезаи сиёсӣ» дар Тоҷикистон нашр кардааст, ба таваҷҷӯҳи мақомоти федеролӣ афтод. Пас аз ду моҳ пулиси федеролии Австралия ба манзили ин донишманди 54-сола  рейд карда, ӯро дастгир намуд ва шуморе аз дастгоҳҳои электрониро мусодира кард. Бо вуҷуди ин, танҳо дар моҳи декабри соли 2021 биохимики собиқ расман ба иттиҳоми даъват ба терроризм айбдор шуд”, – навиштааст ин нашрияи маъруфи англисизабон.

Манбаъ, Одиназодаро "яке аз хатарноктарин шахсиятҳо дар аёлат" унвон карда, гуфтааст, бо ин иттиҳом ӯро хатари то 6 соли зиндон таҳдид мекунад.

“Дар мурофиаи имрӯза, ки дар додгоҳи ноҳиявии Австралияи Ғарбӣ барпо шуд, Абдусалом Одиназода эътироф кардааст, ки ба анҷоми амалҳои террористӣ даъват мекард. Аз парвандаи ӯ ду иттиҳом кам карда шуд ва ҳоло Одиназода дар се ҳолат гумонбар дониста мешавад. Интизор меравад, ки ҳукми ӯ моҳи оянда содир шавад”, – навиштааст "The West Australian" .

Аз замони боздошт то кунун назари худи Одиназода ва ё вакили дифояш ӯ дар мавриди ин иттиҳомот дастрас нест. 

Дар гузашта, ин нашрия хабар дода буд, ки мақомоти интизомии Австралия алайҳи Абдусалом Одиназода, бо 14 моддаи марбут ба терроризм парванда боз кардаанд.

Абдусалом Одиназода донишманди 52-солаи тоҷик аст, ки дар Австралия зиндагӣ мекард ва дар ин кишвар дар риштаи биокимиё ба таҳқиқ ва тадрис машғул буд. 

Ӯ баъди солҳо зиндагӣ дар Австралия  чанде соле пеш ба Тоҷикистон баргашта буд ва мехост дар ин ҷо бимонаду кор кунад. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ба кор оғоз кардаст, вале баъдан кораш ба мушкил печиду барои надоштани шаҳрвандии Тоҷикистон аз кишвар ихроҷ шуд. 

Баъди бозгашт ба Австралия Одиназода дар интернет бо намояндаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳое меорост ва дар солҳои ахир вориди баҳсҳои диниву сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешуд. 

Чор сол пеш, Радиои Озодӣ  бо такя ба манбаъҳои худ хабар дода буд, ки мақомоти тоҷик  Абдусалом Одиназодаро ба "даъвати оммавӣ барои сарнагунии ҳукумат" ва "даъват ба ифротгароӣ тавассути Интернет", муттаҳам карда буданд.

Одиназода зодаи деҳаи Сурхи шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст. Ду фарзанд дорад, ки ба навиштаи худаш онҳо ҳам дар Австралия мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.