Боздошти назоратчии барқ: 3 ҳазору 800 сомонӣ барои иваз кардани ҳисобкунак

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти як нозири барқи шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки ба гирифтани 3 ҳазору 800 сомонӣ пора айбдор мешавад. Ин ниҳод, рӯзи 1 август бо пахши хабаре дар сомонаи расмиаш иттилоъ дод, ки Зоҳирҷон Солиев, назоратчӣ-барқчии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Ваҳдат бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти як нозири барқи шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки ба гирифтани 3 ҳазору 800 сомонӣ пора айбдор мешавад.

Ин ниҳод, рӯзи 1 август бо пахши хабаре дар сомонаи расмиаш иттилоъ дод, ки Зоҳирҷон Солиев, назоратчӣ-барқчии Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Ваҳдат бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои бекор кардани санади қоидавайронкунӣ 4 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

– Аз ин маблағ 3800 сомониашро гирифта, бар хилофи манфиатҳои хизматӣ ҳисобкунаки барқии манзили истиқоматии охиронро бе тартиб додани санади дахлдор иваз намудааст, – менависад Оҷонсии зиддифасод. 

Ин ниҳод афзудааст,  вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Солиев бо гумони “қаллобӣ” (моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши онро ба анҷом расонда, ба додгоҳ супурдааст.

Ин банди қонун аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.