Обуҳавошиносон: моҳи август ҳаво салқин мешавад

Моҳи август дар Тоҷикистон нисбат ба моҳи гузаштаи тобистон салқинтар шуда, нимаи дуюми моҳ боридани боронҳо дар назар аст. Тавре ки аз Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд, ҳарорати миёна дар ноҳияҳои дар водиҳо воқеъбуда дар сатҳи аз 17 то 31 ва дар минтақаҳои кӯҳистон – то 25 дараҷа гарм қарор хоҳад дошт. “Дар Душанбе ва Ноҳияҳои […]

Моҳи август дар Тоҷикистон нисбат ба моҳи гузаштаи тобистон салқинтар шуда, нимаи дуюми моҳ боридани боронҳо дар назар аст.

Тавре ки аз Агентии обуҳавошиносӣ хабар доданд, ҳарорати миёна дар ноҳияҳои дар водиҳо воқеъбуда дар сатҳи аз 17 то 31 ва дар минтақаҳои кӯҳистон – то 25 дараҷа гарм қарор хоҳад дошт.

“Дар Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин вилояти Хатлон дар ин моҳ ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Меъёри моҳонаи боришот (меъёр: дар водиҳо 0,5-5 мм, дар доманакӯҳ – 6-21 мм) поинтар пешбинӣ мешавад”, – гуфтанд обуҳавошиносон.

Дар ҳамин ҳол, боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар нимаи дуюми моҳ имконпазир аст.

“Дар баъзе рӯзҳо дар назар аст, ки шамол аз самти ғарб то 17-22 м/с афзоиш ёфта, тӯфони чангу туман дар назар аст”, – зикр кард манбаъ.

Дар Агентии обуҳавошиносӣ ҳамчунин зикр карданд, ки чунин обуҳаво дар моҳи охири тобистон 6 сол пеш ба мушоҳида расида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.