Боздошти Абдусалом Одиназода дар Австралия бо гумони тарғиби терроризм

Абдусалом Одиназода, як донишманди тоҷики муқими Австралия бо гумони даст доштан дар "тарғиби терроризм" аз сӯйи пулиси федеролии ин кишвар боздошт шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ  бо такя ба расонаҳои ин кишвар хабар медиҳад.  Ба гузориши манбаъ пулиси ин кишвар Абдусалом Одиназодаро рӯзи 22-юми декабр дар хонааш дастгир кардаанд ва гуфтаанд, ки ӯ барои […]

Asia-Plus

Абдусалом Одиназода, як донишманди тоҷики муқими Австралия бо гумони даст доштан дар "тарғиби терроризм" аз сӯйи пулиси федеролии ин кишвар боздошт шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ  бо такя ба расонаҳои ин кишвар хабар медиҳад. 

Ба гузориши манбаъ пулиси ин кишвар Абдусалом Одиназодаро рӯзи 22-юми декабр дар хонааш дастгир кардаанд ва гуфтаанд, ки ӯ барои "ташвиқу тарғиби терроризм" гунаҳкор мешавад.

Абдусалом Одиназода донишманди 52-солаи тоҷик аст, ки дар Австралия зиндагӣ мекард ва дар ин кишвар дар риштаи биокимиё ба таҳқиқ ва тадрис машғул буд. 

Як додгоҳ дар ин кишвар қарор содир кардааст, ки Одиназода то 15-уми январи соли 2021 дар боздошт мемонанд. Ҳоло гуфта мешавад, ки ӯ барои нашри матолиби ифротгароёна дар  интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ гумонбар аст. 

"Озодӣ" аз забони пулиси Австралия менависад, ки ин ниҳод аз моҳҳо пеш ба таҳқиқ дар бораи Одиназода оғоз карда будааст ва саранҷом 22-юми декабр ӯро боздошт кардааст. 

Абдусалом Одиназода баъди солҳо зиндагӣ дар Австралия  чанде соле пеш ба Тоҷикистон баргашта буд ва мехост дар ин ҷо бимонаду кор кунад. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ба кор оғоз кардаст, вале баъдан кораш ба мушкил печиду барои надоштани шаҳрвандии Тоҷикистон аз кишвар ихроҷ шуд. 

Баъди бозгашт ба Австралия Одиназода дар интернет бо намояндаҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳое меорост ва дар солҳои ахир вориди баҳсҳои диниву сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешуд. 

Одиназода зодаи деҳаи Сурхи шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст. Ду фарзанд дорад, ки ба навиштаи худаш онҳо ҳам дар Австралия мебошанд, вале ӯ аз ҳамсараш ҷудо шудааст ва ҷудо аз фарзандону ҳамсараш зиндагӣ мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.