Чаро Pamir Energy ширкати муваффақ шуду аз IRS дар Тоҷикистон чизе маълум нест?

Бонки осиёии рушд (БОР) ҳадафманд будан ва самаранокии шарикии давлат ва бахши хусусиро дар Тоҷикистон дар мисоли ширкати Pamir Energy ва филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS) арзёбӣ намуд. Ширкати Pamir Energy аз соли 2002 низоми барқи ВМКБ-ро идора карда, аз соли 2010 роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ки қисмати марказии Тоҷикистонро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ пайваст […]

Бонки осиёии рушд (БОР) ҳадафманд будан ва самаранокии шарикии давлат ва бахши хусусиро дар Тоҷикистон дар мисоли ширкати Pamir Energy ва филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS) арзёбӣ намуд.

Ширкати Pamir Energy аз соли 2002 низоми барқи ВМКБ-ро идора карда, аз соли 2010 роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ки қисмати марказии Тоҷикистонро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ пайваст мекунад, ба ихтиёри филиали ширкати IRS гузашт.

Ҳар ду ширкат бар асоси шартномаи консессионии бо ҳукумати кишвар имзошуда кор мекунанд.

Дар гузориши БОР аз рӯйи натиҷаҳои таҳлили шарикии давлат бо ин ширкатҳо гуфта мешавад, қарордод байни онҳо мувофиқи “Қонун дар бораи консессия”, ки соли 1997 қабул шудааст, танзим мегардад.

Кумак барои паст кардани тарифҳо ба қишри осебпазири аҳолӣ

Таҳлилгарони БОР қайд мекунанд, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) 60% таъминоти барқ дар ВМКБ ба воситаи коркарди арегатҳои дизелӣ бо сӯзишвории воридотӣ амалӣ мешуд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъминот бо барқ барои ҳамаи истеъмолгарон, ки 98%-ашон истеъмолгарни маишӣ ва 2%-ашон корхонаҳо мебошанд, мушкил шуд.

Бо назардошти вазъи иҷтимоии аҳолии ВМКБ барои ҷуброни хароҷоти ширкат кумаки бебозгашти молиявии мададрасонони байнулмилалӣ (ҳукумати Швейтсария) ҷалб шуд, ки дар паст кардани тарифҳои пардохти маблағи истифодаи барқ барои қишри аҳолии бештар осебпазир кумак мекарданд.

Барои ин фонди махсуси ҳадафнок ташкил шуд, ки дар он ба истилоҳ “меъёри тарифи иҷтимоӣ” кумак расонида мешуд.

“Ин лоиҳа нишон дод, ки ҳатто дар шароити хавфи нисбатан баланд ба мисли Тоҷикистон сармоягузориҳои муваффақи хусусӣ ҳаёти одамонро тағйир дода метавонанд”, – таъкид мешавад дар арзёбии БОР.    

Аз соли 2002 ширкати Pamir Energy 11 неругоҳи барқи обии хурдро барқарор намуда, 4300 км хатҳои интиқоли барқ, инчунин дастгоҳҳои тақсимотиро таъмиру навсозӣ кард.

Pamir Energy – лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон, Бунёди Оғо Хон оид ба рушди иқтисодӣ, Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва Агентии рушди байнулмилалии Швейтсария мебошад.

Ширкат 96% хонаводаҳои ВМКБ-ро бо барқ таъмин мекунад: тақрибан 211,2 ҳазор нафар таъмин бо барқи тоза, боэътимод ва дастрас имкон дошта, инчунин зиёда аз 35 ҳазор нафар, бисёр корхонаву мактаб ва марказҳои солимӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон низ бо барқ таъмин мешаванд.

Созишномаи консессионии махфӣ

Роҳи автомобилгарди пулакии Душанбе-Чаноқ пас аз таъмиру навсозӣ ба идоракунии ширкати хусусии IRS дода шуд, ки дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Британия аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Роҳи масофааш 354 км аз ҳисоби қарзи Чин ба маблағи 281 млн доллар ба муҳлати 20 сол бо меъёри 2%-и солона таъмиру навсозӣ шуд.

Ширкат роҳро бар асоси шартномаи консессионӣ ба муҳлати 30 сол ба ихтиёри худ гирифт, қайд мешавад дар гузориши БОР.

Гуфта мешавад, ширкат аз пардохти ҳама гуна навъи андозҳо озод шуда, матни созишномаи консессионӣ ифшо намегардад. Бо ин сабаб арзёбии то чӣ андоза мувофиқи шартнома фаъолият кардани ширкат ғайриимкон аст.

Яке аз сабабҳои махфӣ будани ин санадро коршиносони БОР дар он мебинанд, ки IRS ин роҳи пулакиро бидуни баргузории савдо ба ихтиёри худ гирифт.

Ин роҳ алтернатива ё дигар роҳи гузаштан бидуни убури онро надошта, тибқи арзёбии иқтисодчиёни БОР, он ҳаҷми гардиши савдоро дар кишвар ба андозаи 19% кам кардааст. Таҳлилгарони бонк бар ин назаранд, ки шояд ин ба афзоиши хароҷоти нақлиёт вобаста бошад.

Дар гузориши БОР ҳамчунин зикр мегардад, ки Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо IRS ҳамкории мутақобилаи начандон муассир дорад. Дар фарҷом гуфта мешавад, ҳукумат сохтмони роҳҳои нави пулакиро дар нақша дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...