Афғонистон аз барқ ба Тоҷикистон 28 млн доллар қарздор аст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи ширкати электроэнергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои интиқоли барқ ба ин кишвар аз Тоҷикистон 28 млн долларро ташкил медиҳад, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 1 август раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода.

Раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” сабаби пайдо шудани қарзро бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ медиҳад.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон раҳбарияти ширкати Афғонистон рӯйи ҳалли ин мушкилот чораҷӯӣ мекунад.

Асозода зикр кард, ки моҳи июли соли равон DABS ба суратҳисоби “Барқи тоҷик” 2 млн доллар гузаронида, корҳо дар ин самт идома доранд ва қарзи боқимонда давра ба давра пардохт хоҳад шуд.

“Содироти барқ идома дошта, ҳеҷ гуна мушкилоте нест. Ҳамаи зербинои зарурӣ ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар қаламрави Афғонистон дар ҳолати коршоям қарор доранд", – иброз дошт ӯ.

Роҳбари ширкат таъкид дошт, ки бар асари мушкилот дар шабакаҳои энергетикии Афғонистон, дар муқоиса бо солҳои пешин имсол интиқоли барқ ба таври назаррас кам шуд.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи декабри соли гузашта “Барқи тоҷик” ва DABS  ба замимаи созишномаи дар соли 2008 имзошуда дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон то соли 2028 протокол ба имзо расониданд.

Дар қарордоди иловагӣ интиқоли шабонарӯзии барқ аз Тоҷикистон дар соли 2022 дар ҳаҷми 400 мегаватт-соат дар мавсими баҳору тобистон (моҳҳои май-сентябр) ва 25-30 мегаватт-соат дар мавсими тирамоҳу зимистон (моҳҳои октябр-апрел) пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи ин қарордод, барои ҳар як киловатт-соат барқ аз Тоҷикистон DABS 4,67 сент пардохт мекунад.

Бино ба маълумоти “Барқи тоҷик”, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 734 млн киловатт-соат неруи барқ интиқол дода шудааст.

Дар маҷмӯъ, бо назардошти интиқоли барқ ба Ӯзбекистон, ҳаҷми содироти барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар моҳҳои январ-июни соли равон ҳудуди 1,6 млрд киловатт-соатро ташкил додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...