«Сомон Эйр» парвозҳоро аз Қазон ба Душанбе оғоз мекунад

Аз 4 август ширкати Somon Air парвозҳоро аз фурудгоҳи шаҳри Қазони Русия ба Душанбе барқарор мекунад. Парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои тамғаи Boeing 737-800 бо 189 ҷойи нишаст рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи Фурудгоҳи байнулмилалии "Казань" хабар дода мешавад. Парвоз аз фурудгоҳи пойтахти Тотористон соати 21:00 ва расидан ба Душанбе соати 02:45 […]

Аз 4 август ширкати Somon Air парвозҳоро аз фурудгоҳи шаҳри Қазони Русия ба Душанбе барқарор мекунад. Парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои тамғаи Boeing 737-800 бо 189 ҷойи нишаст рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи Фурудгоҳи байнулмилалии "Казань" хабар дода мешавад.

Парвоз аз фурудгоҳи пойтахти Тотористон соати 21:00 ва расидан ба Душанбе соати 02:45 дақиқаи рӯзи дигар зикр шудааст. Аз Душанбе ҳавопаймо ба самти Қазон соати 18:00 парвоз карда, соати 19:30 ба ин шаҳр фуруд меояд.

Барои ҳар кадоме аз фурудгоҳҳо вақти маҳаллӣ нишон дода шудааст. Вақт дар Тоҷикистон ду соат пештар аз вақти Маскав аст. Муддати парвоз ҳудуди 3-юним соатро ташкил медиҳад. Дар ҷадвал тағйирот имкон дорад!

Бо ҷадвали парвозҳо ва чӣ гуна харидани билет аз сомонаи расмии фурудгоҳ – sales.kazan.aero ва замимаи мобилии фурудгоҳи «Казань» маълумоти муфассал дарёфт кардан мумкин аст.

Барои рӯзи 4 август нархи билети хатсайри ширкати Somon Air аз Қазон 6 ҳазору 489 рубл (тақрибан 108 доллар) зикр шудааст.

Қобили зикр аст, ки ширкати “Сомон Эйр” зиёда аз 11 сол инҷониб бо Фурудгоҳи байнулмилалии “Казань” ҳамкорӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки сар аз моҳи август ширкати “Сомон Эйр” парвозҳоро ба дигар самтҳо низ дубора барқарор ё шумори хатсайрҳояшро зиёд мекунад.

Аз ҷумла, парвозҳо бо хатсайрҳои “Хуҷанд-Маскав-Хуҷанд”, “Хуҷанд-Сургут-Хуҷанд”, “Душанбе-Самара-Душанбе”, “Душанбе-Екатеринбург-Душанбе”, “Душанбе-Новосибирск-Душанбе” ва “Душанбе-Мюнхен-Душанбе” дубора оғоз мешаванд ё шумори парвозҳо бо ин хатсайрҳо зиёд карда мешавад.

Маълумоти муфассал дар бораи ҷадвали парвозҳо, нархи билет ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ дар марказҳои хидматрасонӣ (Call-центр)-и ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва нуқтаҳои фурӯш қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.