Занону кӯдаконе, ки аз Сурия оварда шуданд, дар истироҳатгоҳҳо нигоҳдорӣ мешаванд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар гуфт, 42 зан ва 104 кӯдаке, ки чанд рӯз пеш аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, дар истироҳатгоҳҳои кишвар нигоҳдорӣ мешаванд ва зери назорати мақомот қарор доранд.

Қурбонзода имрӯз, 2 август дар нишасти матбуотӣ ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ дар робита ба он ки гуфта мешавад, бархе заноне, ки аз Сурия оварда шуданд, дастгир ва дар боздоштгоҳ қарор доранд, ҷавоби рад дод ва гуфт, ҳамаи онҳо дар истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ нигоҳдорӣ мешаванд.

Номбурда афзуд, ки дар масъалаи бозгардонии занону кӯдакон ду сол гуфтушунид идома дошт ва ахиран бо ташаббуси роҳбарияти давлат онҳо баргардонида шуданд,

“Аз ҷониби тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон, вазоратҳои маориф ва илм, танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ, ки ба онҳо вобастаанд, гурӯҳи корӣ ташкил шуда, ин гурӯҳ қариб ҳамарӯза аз аҳволи онҳо хабар мегирад ва бо онҳо суҳбат мекунад”, – гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Ӯ эътироф кард, ки вазъияти равонии онҳо бад буда, баъди баргаштан дар минтақаҳои ҷангӣ ба онҳо вақт лозим аст, ки ба шароти имрӯза мутобиқ шаванд.

“Чунки солҳои зиёд онҳо дар дохили ҷанг буданд. Имрӯз ҳам аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи кор бо занон гурӯҳҳои кории ҳуқуқшиносон ва равоншиносон кор карда истодаанд. Як рӯз равоншиносони гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва рӯзи дигар равоншиносони Кумитаи кор бо занон ва оила бо онҳо кор карда истодаанд, – афзуд раиси кумитаи занон ва оила.

Қаблан, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд, ки, 146 зану кӯдаке, ки аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, пурра солиманд ва эҳтимол дар зерсохторҳои вазорати тандурустӣ ҷой дода шаванд.

Вазири тандурустӣ дар  робита ба тақдири 84 кӯдаке, ки моҳи апрели соли 2019 аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуда, дар сохторҳои тобеи вазорат нигоҳдорӣ мешуданд, гуфта буд, ки онҳо дар 2 маркази дастгирии модару кӯдаки муассисаҳои Вазорати тандурустӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва то ба ҳол ба наздиконашон дода нашудаанд.

“Вақте онҳо ба синни 7- солагӣ мерасанд, барои таҳсил ба Вазорати маориф ва дар синни 16-солагӣ барои касбомӯзӣ ба Вазорати меҳнат равона карда мешаванд”, – гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 25 июл 146 шаҳрванди Тоҷикистон (42 зан ва 104 кӯдак) тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд.

Гуфта мешавад, ки онҳо  бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргардонида шуданд ва ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.

Соли 2019 низ Тоҷикистон 84 кӯдакро аз Ироқ ба Тоҷикистон бозгардонда буд.

Ҳарчанд дар аввал гуфта мешуд,  ки кӯдакон баъд аз як муддат ба хешовандонашон дода мешаванд, вале бо вуҷуди дархосту шикоятҳои онҳо, ҳанӯз кӯдакон дар ихтиёри мақомот ва дар парваришгоҳҳо қарор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...