Оҷонсии содирот: “Боду ҳаво пиёзро қимат кард, на содирот”

Сайфиддин Қараев, Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Шавкат Бобозода, директори Оҷонсии содироти Тоҷикистон болоравии нархи пиёзро дар кишвар ба номусоидии обу ҳаво барои кишти пиёз арзёбӣ кард ва гуфт, содироти пиёз ба қамматии он сабаб нашудааст.

Ӯ имрӯз, 3-уми август дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки нархи пиёз аллакай, дар бозорҳои дохилии кишвар мӯътадил шудааст.

"Нархи пиёз ба шароити обу ҳаво вобаста аст, ки барои парвариши пиёз номусоид буд", – афзуд Бобозода.

Ба гуфтаи Бобозода, болоравии нархи пиёз ба содирот рабт надорад ва Тоҷикистон назар ба соли гузашта имсол, 18 ҳазор тонна камтар пиёз содир кардааст.

Ӯ гуфт, маҳдудияти муваққатии содироти пиёз ба қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ вобаста аст. 

Номусодии боду ҳаво унвони кардани сабаби болоравии нархи пиёз аз ҷониби роҳбари Оҷонсии содироти кишвар дар ҳолест, ки Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки ҳудуди ду ҳафта боз содироти пиёз аз Тоҷикистон ба хориҷ боздошта шудааст ва ин бо дастури ҳукумат сурат гирифта ва ҳадафаш танзими нарху таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин навъ маҳсули кишоварзӣ мебошад.

Ба иттилои Маҳмадиев дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 66 ҳазор тонна пиёз содирот шудааст, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳазор тонна кам мебошад.

Тӯли як моҳи охир нархи пиёз, як маҳсулоти лозимӣ барои хонадони тоҷикон аз 1-1,5 сомонӣ ба 8-9 сомонӣ гарон шуд. Ин нигаронии аҳолиро ба миён овард. Ҳоло нархи як килограм пиёз дар бозорҳои кишвар ба ҳисоби миёна 5-6 сомониро ташкил медиҳад.

Масъулони идораи кишоварзӣ сабаби болоравии ин навъ маҳсулотро ба коҳишёбии кишти зироат, номусоидии боду ҳаво ва гароншавии нуриҳои минералӣ рабт медиҳанд.

Амирбек Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии рӯзи 12 июли соли равон, омили болоравии нархи пиёзро кишти ками пиёзи барвақтӣ гуфта буд.

«Дар маҷмӯъ 1,2 ҳазор гектар майдони кишти пиёз кам карда шудаст. Аз ҷумла дар ноҳияи Ҷайҳун кишти пиёз 1 ҳазор гектар ва 200 гектар дар дигар ноҳияҳо», – гуфта буд Амирбек.

Номбурда, ҳамчунин сабабҳои дигари боло рафтани нархи пиёзро болоравии нархи сузишвории дизелӣ ва нуриҳои минералӣ мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...