Барои чӣ пиёз дар вилояти Хатлон қимат шуд?

Амирбек Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии рӯзи 12 июли соли равон якчанд омили болоравии нархи пиёзро гуфт. “Яке аз омилҳои болоравии нархи пиёз дар соли равон кам кишт шудани пиёзи барвақтӣ мебошад. Дар маҷмӯъ 1,2 ҳазор гектар майдони кишти пиёз кам карда шудаст. Аз ҷумла дар ноҳияи Ҷайҳун кишти пиёз 1 […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Амирбек Темур, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии рӯзи 12 июли соли равон якчанд омили болоравии нархи пиёзро гуфт.

“Яке аз омилҳои болоравии нархи пиёз дар соли равон кам кишт шудани пиёзи барвақтӣ мебошад. Дар маҷмӯъ 1,2 ҳазор гектар майдони кишти пиёз кам карда шудаст. Аз ҷумла дар ноҳияи Ҷайҳун кишти пиёз 1 ҳазор гектар ва 200 гектар дар дигар ноҳияҳо”, – гуфт Амирбеки Темур.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки сабабҳои дигари боло рафтани нархи пиёз дар бозорҳои кишвар болоравии нархи сузишвории дизелӣ ва нуриҳои минералӣ мебошад.

“Бубинед, ки нархи нуриҳои минералӣ ва сӯзишворӣ чанд маротиба боло рафт. Агар солҳои қаблӣ деҳқонон барои парвариши пиёз дар 1 гектар 12-13 ҳазор сомонӣ хароҷот мекарданд, имсол хароҷоти онҳо то 25 ҳазор сомонӣ расид. Баъдан соҳибкорон аз сари замин пиёзро 2-2,5 сомонӣ харидаву захира кардаанд. Ҳеҷ як деҳқон пиёзашро аз 2,5 сомонӣ зиёд нафурӯхтааст”, – изҳор дошт сардори Сарраёсат.

Ба гуфтаи Амибеки Темур, яке аз дигар омилҳо содироти пиёз ба хориҷи кишвар мебошад, ки соли равон ҳаҷми содироти он аз вилояти Хатлон 50 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

 “Умедворем, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани калонтарин корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ ,аз ҷумла карбамид – “Осиё кемикал” (ТоҷикАзот) дар шаҳри Левакант нархи маҳсулоти кишоварзӣ арзонтар мешавад”, – изҳори умедворӣ кард ӯ.

Амирбеки Темур изҳор дошт, ки ҳамчунин афзоиши майдони кишти пиёз ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар бозорҳои кишвар пиёз  то 8 сомонӣ нарх дорад.

 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.