5 маҳсулоте, ки ҳаҷми истеҳсолаш дар Тоҷикистон зиёд шуд. Нархашон ҳам боло рафт

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 7,2% афзуд, лекин дар баробари ин, нархи онҳо низ боло рафт. Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Саъдӣ Каримзода сабабҳои асосии болоравии нархҳо ба маҳсулоти кишоварзиро афзоиши хароҷот ба парвариши онҳо, яъне хароҷот ба сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди […]

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 7,2% афзуд, лекин дар баробари ин, нархи онҳо низ боло рафт.

Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Саъдӣ Каримзода сабабҳои асосии болоравии нархҳо ба маҳсулоти кишоварзиро афзоиши хароҷот ба парвариши онҳо, яъне хароҷот ба сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ унвон кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 70% аз арзиши аслии маҳсулотро хароҷот ба сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ ташкил медиҳад.

Каримзода ҳамчунин хабар дод, ки агар дар соли гузашта ба маблағи 28,9 млн доллар 143 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид гардида буд, пас имсол 104 ҳазор тонна, лекин аллакай бо арзиши 35 млн доллар оварда шудаааст, ки 39 ҳазор тонна камтар, лекин маблағаш 6 млн доллар зиёдтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Саъдӣ Каримзода зикр кард, ки ҳосилнокии зироати ғалладона аз 1 гектар зиёд шудааст.

“Талаботи Тоҷикистон ба гандум 2 млн тоннаро ташкил дода, мо худамон 800-850 ҳазор тонна истеҳсол мекунем. Дар масъалаи воридоти гандум аз Қазоқистон мушкилӣ надорем. Ҳамасола аз онҳо 1-1,2 млн тонна гандум мехарем”, – изҳор дошт Каримзода.

Дар зер 5 навъи маҳсулотро зикр мекунем, ки дар муқоиса бо соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар истеҳсол шудааст. Ва маҳз нархи ҳамин маҳсулот нисбат ба соли 2021 аз ҳама зиёдтар боло рафтааст:

Моҳӣ – 1 ҳазору 145 тонна, афзоиши истеҳсол дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта – 26,5%. Нархи миёнаи 1 килои он – аз 35 то 60 сомонӣ (афзоиш – 20-40%).

Тухм – 576,1 млн дона, афзоиши истеҳсол – 24,5%. Нархи миёнаи 1 донаи он – 1 сомонӣ 40 дирам (афзоиш – 40%).

Гӯшти мурғ – 20,3 ҳазор тонна, афзоиши истеҳсол – 11,5%. Нархи миёнаи он – 40 сомонӣ (афзоиш – 25%).

Ангур – 2,4 ҳазор тонна, афзоиши истеҳсол – 11,2%. Нархи миёнаи он – 15 сомонӣ (афзоиш – 50%).  

Тарбуз ва харбуза – 283 ҳазор тонна, афзоиши истеҳсол – 7,6%. Нархи миёнаи 1 килои он – 6 сомонӣ, масалан, нархи тарбузи 5-килоӣ 30 сомонӣ мешавад (афзоиш – 50%).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.