“Бехабарӣ аз маърифати оиладорӣ”. Пошхӯрии наздики 2 ҳазор оила дар Хатлон

Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод 14 июли соли 2022 хабар дод, ки дар 6 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон ақди никоҳи 1 ҳазору 891 оила бекор карда шудааст. “Аксари он, яъне 1 ҳазору 591 ақди никоҳ бо ҳалномаи суд бекор шуда, дар […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Бунафша Раҳимзода, сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод 14 июли соли 2022 хабар дод, ки дар 6 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон ақди никоҳи 1 ҳазору 891 оила бекор карда шудааст.

“Аксари он, яъне 1 ҳазору 591 ақди никоҳ бо ҳалномаи суд бекор шуда, дар 298 ҳолат бо розигии тарафҳо, ки фарзанди умумӣ надоштаанд бекор шудаанд. Ҳамчунин дар асоси аризаи яке аз тарафҳо 14 ақди никоҳ бекор шудааст”, – гуфт Бунафша Раҳимзода.

Ба гуфти ин мақомдор, дар натиҷаи бекор шудани ақди никоҳи оилаҳо 2 ҳазору 212 нафар кӯдакони ноболиғ нимятим мондаанд. Аз ин шумор 2 ҳазору 150 нафари онҳо дар тарбияи модарон монда, 62 нафар дигар дар тарбияи падаронанд.

“Шумори бекоршавии ақди никоҳ дар қиёс ба 6 моҳи соли гузашта 381 ҳолат зиёд шудааст. Аз ҳама бештар бекоршавии ақди никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 157 ҳолат, Кӯшониён – 167 ҳолат, Абдураҳмони Ҷомӣ – 124 ҳолат ва аз ҳама камтар дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 7 ҳолат, Балҷувон – 12 ҳолат ба қайд гирифта шудааст”, – гуфт Раҳимзода.

Ба гуфтаи ин мансабдор, сабабу омилҳои бекор шудани ақди никоҳ гуногунанд ва яке аз сабабҳои асосӣ надонистани маърифати оиладорӣ аст, ки “баҳри пешгирӣ бояд ба тарбияи маърифати оиладорӣ бештар аҳамият диҳем”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.