Айбдоркунандаи давлатӣ барои гумонбарони куштори оилаи Маҳмадовҳо дар Ҷайҳун ҳабси абад пурсид

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Айбдоркунандаи давлатӣ Азизбек Давлатзода дар парвандаи оилаи Маҳмадовҳо дар Ҷайҳун аз додгоҳ дархост кардааст, ки Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва  Қиёмиддин Насриддинов, ки ҳар ду дар ин куштор гунаҳгор дониста мешаванд, ҳукми абад дода шавад. Дар ин бора як манбаъ аз Додгоҳи вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ афзуд, ки додситон аз додгоҳ дархост кардааст, ки Адолат Шерматова, зани Қиёмиддин Насриддинов, ки яке аз гумонбарони дигари қазия дониста мешавад,  низ гунаҳгор дониста шуда, ба 30 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Ба гуфти манбаъ, ҳимоятгарони ҳар се айбдоршаванда аз додгоҳ хоҳиш кардаанд, ки зерҳимояҳояшон сафед карда шаванд.

“Ҳоло сухани охирини айбдоршавандаҳо шунида нашудааст”,- гуфт манбаъи мо.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳар се айбдоршаванда аз баёноте, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ дода буданд, даст кашида, худро дар куштори оилаи Маҳмадовҳо бегуноҳ дониста буданд.

Адолат Шерматова, гумонбари сеюм, дар мурофиаи пешин гуфта буд, ки баёноташ дар мавриди иштирокаш дар ин ҷиноят бо истифодаи шиканҷа гирифта шудааст.

Як нафар аз иштирокчиёни мурофиаи додгоҳӣ, рӯзи 10-май ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки Адолат Шерматова дар рафти мурофиа айби ба ӯ эълоншударо эътироф накарда, гуфтааст, ки дар ин куштор даст надорад

Ҳамчунин ба гуфти ин манбаъ, вакили дифои Адолат Шерматова аз додгоҳ дархост карда буд, ки барои муайян кардани ҳолати шиканҷа нисбати Шерматова ташхиси судди тиббӣ гузаронида шавад. Додгоҳ ин дархостро баррасӣ накардааст.

Ғайр аз ин, дар ҷараёни мурофиа, додгоҳ дархости ҳимоятгари Маҳмадғаюр Хайбуллоевро дар бораи таъин кардани ташхиси рӯҳию равонии зерҳимояаш рад карда буд.

Дар мурофиаи пешин, Маҳмадғаюр Хайбуллоев ҳам гуфта буд, ки ӯ зери фишор ва бар асари шиканҷа баёнот додааст.

“Дар куштори оилаи Маҳмадовҳо даст надорам. Дар ШВКД ноҳияи Ҷайҳун рӯзи сеюме, ки боздошт будам, ба лату кӯбам шуруъ карданд. Ба сарам халта кашида, бо дубинка ва пойҳояшон лату кӯб мекарданд. Ба дасту пойҳоямон барқ мегузаронданд. Ман тоқат карда натавониста, ба чизе, ки онҳо мегуфтанд, розӣ шудам. Моро шиканҷа ва бидуни адвокат бозпурсӣ мекарданд. Вақте модарам наздамон даромад, оҳиста ба ӯ гуфтам, ки маро лату кӯб ва кушторро ба сарам бор карда истодаанд”, – гуфта буд Хайбуллоев.

Бояд гуфт, ки ҳам Қиёмиддин Насриддинов ва ҳам Маҳмадғаюр Хайбуллоев дар додгоҳ изҳор доштанд, ки сабти видеоие, ки онҳо ҷиноятро ба дӯш гирифтанд, қаблан таҳрезишуда буд.

“Моро се рӯз омӯзониданд, ки куҷо равему чӣ бигӯем ва баъд наворбардорӣ карданд”, – иброз доштанд онҳо.

Насриддинов  дар ҷараёни пурсиш дар ҷаласаи додгоҳии рӯзи 1-уми апрел низ гуфт, ки бо марҳум Аҳлиддин Маҳмадов риштаи хешутаборӣ доштанд ва ягон кинаву хусумате байнашон набуд, баръакс муносибаташон хуб буд.

Таърихчаи ҳодиса

Бояд гуфт, ки дар додгоҳи вилояти Хатлон чандест баррасии парвандаи пурсарусадоии куштори панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни ин вилоят ҷараён дорад. Ин ҳодиса яке аз ҳодисаҳои пурсарусадои солҳои ахир дар вилояти Хатлон аст.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбати се сокини ноҳияи Ҷайҳун, ки дар куштори ин хонавода айбдор мешаванд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов бо моддаҳои 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 244 (дуздӣ) ва Адолат Шерматова, оилаи Қиёмиддин Насриддинов бо моддаи  104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) айбдор карда мешаванд.

Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дода буд. Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се фарзанди 8,13 ва 14-солааш ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеоӣ сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.

Баъдан, аз хонаводаи Маҳмадов, ҳамсараш Латофат Азизова ва як писараш, ки зинда монданд, гумонбаронро шинохтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...