Душанбе: таксирони 23-сола барои таҳқири зан 10 рӯз ҳабс шуд

Сокини 23-солаи кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе барои таҳқири зани 30-сола ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт. Санади маъмурӣ тибқи моддаи 640 (Авбошӣ) тартиб дода шудааст. Гуфта мешавад, як зани сокини кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев ба Раёсат муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки “нисбати ронандаи таксӣ, ки ба ӯ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, […]

Сокини 23-солаи кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе барои таҳқири зани 30-сола ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт. Санади маъмурӣ тибқи моддаи 640 (Авбошӣ) тартиб дода шудааст.

Гуфта мешавад, як зани сокини кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев ба Раёсат муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки “нисбати ронандаи таксӣ, ки ба ӯ беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст, чораҷӯӣ шавад”.

“Бар асоси ин муроҷиат шаҳрванд Шаҳром Розиқов, ронандаи таксӣ боздошт шуд, – омадааст дар хабари Раёсат. – Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки рӯзи 27 июл Розиқов нисбати зан беэҳтиромӣ зоҳир намудааст”.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни бозпурсӣ ва омӯзиши навори видео аз ҷойи ҳодиса гуноҳи ронанда пурра исбот шудааст.

“Ӯ ҳақиқатан ҳам нисбати зан рафтори номуносиб карда, бо алфози қабеҳ ӯро таҳқир мекунад”, – зикр мешавад дар хабари Раёсат.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, Розиқов ва ин зан бо ҳам шинос будаанд.

“Вақте ронанда ба зан муроҷиат мекунад, ӯ нахостааст, ки посух бидиҳад ва дар ҷавоб ронанда ӯро таҳқиру дашном медиҳад”, – гуфт манбаъ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.