Имдодгарони КҲФ ҷасади ҷавони ба худкушӣ дастзадаро аз об берун оварданд

Asia-Plus

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҷасади ҷавонеро, ки ба худкушӣ даст зада буд, пас аз як шабонарӯз пайдо карданд.

Тибқи маълумоти шуъбаи Кумита дар гуруҳи ноҳияҳои водии Рашт, рӯзи 2 август сокини 22-солаи шаҳраки Ғарм бо сабабҳои номаълум даст ба худкушӣ зада, худро ба дарёи Сурхоб партофтааст.

“Имдодгарони Кумита ҷасади ҷавонро рӯзи 3 август 20 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар соҳили дарё пайдо намуда, ба мақомоти дахлдор супурданд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, боз як ҳодисаи нохуш дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рух додааст.

“Сокини 19-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҶДММ “Ғалла” дар Душанбе кор мекард, бар асари риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми тозакунии зарфи хокистари ангишт нафасгир шуда, ба дохили зарфи 20-метра афтодааст”, – хабар медиҳанд дар Кумита.

Наҷотдиҳангони Кумита ҷасади ҷавонро аз зарф берун кашида, ба кормандони милитсия супурдаанд. Корманди милитсия ба таҳқиқи ҳодиса машғуланд.

Ба иттилои Кумита, бар асари боришоти кӯтоҳмуддати шадид дар қаламрави деҳаи Мингдонаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сел омадааст.

Дар натиҷа роҳи деҳа ва қитъаи наздиҳавлигии бунгоҳи тиббиро обу лойқа пур карда, ин ҷо қисман зарар дидааст. Айни замон корҳои бартараф намудани оқибатҳои сел ҷараён доранд. Талафоти ҷонӣ ва хисороти назаррас нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...