Имдодгарони КҲФ ҷасади ҷавони ба худкушӣ дастзадаро аз об берун оварданд

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҷасади ҷавонеро, ки ба худкушӣ даст зада буд, пас аз як шабонарӯз пайдо карданд. Тибқи маълумоти шуъбаи Кумита дар гуруҳи ноҳияҳои водии Рашт, рӯзи 2 август сокини 22-солаи шаҳраки Ғарм бо сабабҳои номаълум даст ба худкушӣ зада, худро ба дарёи Сурхоб партофтааст. “Имдодгарони Кумита ҷасади ҷавонро рӯзи 3 август 20 […]

Имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҷасади ҷавонеро, ки ба худкушӣ даст зада буд, пас аз як шабонарӯз пайдо карданд.

Тибқи маълумоти шуъбаи Кумита дар гуруҳи ноҳияҳои водии Рашт, рӯзи 2 август сокини 22-солаи шаҳраки Ғарм бо сабабҳои номаълум даст ба худкушӣ зада, худро ба дарёи Сурхоб партофтааст.

“Имдодгарони Кумита ҷасади ҷавонро рӯзи 3 август 20 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар соҳили дарё пайдо намуда, ба мақомоти дахлдор супурданд”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, боз як ҳодисаи нохуш дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рух додааст.

“Сокини 19-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҶДММ “Ғалла” дар Душанбе кор мекард, бар асари риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми тозакунии зарфи хокистари ангишт нафасгир шуда, ба дохили зарфи 20-метра афтодааст”, – хабар медиҳанд дар Кумита.

Наҷотдиҳангони Кумита ҷасади ҷавонро аз зарф берун кашида, ба кормандони милитсия супурдаанд. Корманди милитсия ба таҳқиқи ҳодиса машғуланд.

Ба иттилои Кумита, бар асари боришоти кӯтоҳмуддати шадид дар қаламрави деҳаи Мингдонаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сел омадааст.

Дар натиҷа роҳи деҳа ва қитъаи наздиҳавлигии бунгоҳи тиббиро обу лойқа пур карда, ин ҷо қисман зарар дидааст. Айни замон корҳои бартараф намудани оқибатҳои сел ҷараён доранд. Талафоти ҷонӣ ва хисороти назаррас нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.