Имрӯз ҳукми додгоҳ содир мешавад. Гумонбарон дар куштори оилаи Маҳмадовҳо худро бегуноҳ медонанд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Як манбаъ аз Додгоҳи вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки имрӯз, 4 август гумонбарон дар парвандаи куштори оилаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳун зимни ироаи ҳарфи охирин худро бегуноҳ дониста, аз додрас хоҳиш кардаанд, ки онҳоро сафед кунад.

“Ҳар се судшаванда Қиёмиддин Насриддинов, Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва Адолат Шерматов дар куштори оилаи Маҳмадовҳо зимни сухани охиринашон  худро бегуноҳ гуфтанд”,- гуфт манбаъ.

Вай афзуд, мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба ин парванда ба анҷом расид ва раисикунандаи  мурофиа Хусрав Холдорзода, додраси Додгоҳи вилояти Хатлон барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба хонаи машваратӣ рафт.

Интизор меравад, ки бегоҳии имрӯз, 4 август аз ҷониби додгоҳ ҳукми гумонбарони ин парванда хонда шавад.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш, айбдоркунандаи давлатӣ ба Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва  Қиёмиддин Насриддинов, ки ҳар ду дар ин куштор гунаҳгор дониста мешаванд, ҳукми абад ва ба гумонбари сеюм  Адолат Шерматова, зани Қиёмиддин Насриддинов 30 соли зиндон талаб карда буд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳар се айбдоршаванда аз баёноте, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ дода буданд, даст кашида, баёноташон бо истифодаи шиканҷа гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар додгоҳи вилояти Хатлон чандест баррасии парвандаи пурсарусадоии куштори панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни ин вилоят ҷараён дорад. Ин ҳодиса яке аз ҳодисаҳои пурсарусадои солҳои ахир дар вилояти Хатлон аст.

Дар робита ба ин ҳодиса Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев, Қиёмиддин Насриддинов ва Адолат Шерматова, ҳамсари Қиёмиддин Насриддинов ба одамкушӣ, сӯиқасд ба одамкушӣ, қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк ва дуздӣ айбдор карда мешаванд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеоӣ сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.

Ҳамчунин, ҳамсари Маҳмадов, Латофат Азизова ва як писараш, ки зинда монданд, гумонбаронро шинохтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...