Баъди “таҳдид”-и Толибон. Як қисми марзбонии Тоҷикистон наздиктар ба марзи Афғонистон кӯчонида шуд

Мақомоти Тоҷикистон як қисми низомии марзбониро аз маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯробод), яке аз ноҳияҳои ҳаммарз бо Афғонистон ба 12-километрии марзи ин кишвар кӯчонидаанд. Зафар Гулзода, раиси ноҳия дар нишасти матбуотӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ин тасмим имкон медиҳад, ки назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз қавитар шавад. Гуфта мешавад, ки ин қароргоҳ […]

Билол Шамс, махсус барои asia+

Мақомоти Тоҷикистон як қисми низомии марзбониро аз маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯробод), яке аз ноҳияҳои ҳаммарз бо Афғонистон ба 12-километрии марзи ин кишвар кӯчонидаанд.

Зафар Гулзода, раиси ноҳия дар нишасти матбуотӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ин тасмим имкон медиҳад, ки назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз қавитар шавад.

Гуфта мешавад, ки ин қароргоҳ дар наздикии ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ин ноҳия ҷойгир мебошад ва он моҳи майи соли равон бо иштироки  Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шуда буд.

“Марзбононро дар қароргоҳи нав, ки тақрибан 12 километр наздик ба марзи Афғонистон сохта шудааст, ҷойгир хоҳанд кард”, – гуфт раиси ноҳия.

Пойгоҳи кӯҳна ҳудуди 20 километр аз марз дур ва назорати мустақими марз аз ҳудуди он имконнопазир буд. Ҳоло пойгоҳи нави марзбонӣ дар ҷое қарор дорад, ки онро нуқтаи душворназорати марзӣ меноманд.

Гулзода афзуд, ҳоло дар минтақаҳои душворназорати марзӣ сохтмони роҳ оғоз шудааст ва тақрибан 30 километр роҳ аллакай сохта шудааст.

Ба таъкиди ӯ, барои назорати комили марз дар ин мавзеъ бояд ҳудуди 100 километр роҳ сохта шавад.

Марзи Афғонистону Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дарёи Панҷ ҷудо мекунад ва он 145 километр дарозӣ дорад.

Ба минтақаи душворназорати марзӣ кӯчонидани як пойгоҳи марзбонӣ дар ҳолест, ки баъди ба сари қудрат омадани “Толибон” дар Афғонистон ҳадди ақал се маротиба ба сӯи кишварҳои ҳамсояи худ мушак ҳаво доданд, ки нигаронии хосро ба миён овард.

Зимнан Тоҷикистон дар пасманзари партоби мушакҳо аз ҷониби Афғонистон гуфта буд, ки қодир аст марзҳои худро аз ҳамлаҳои ногаҳонӣ ҳифз кунад.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, рӯзномаи "8 субҳ" – и Афғонистон бо такя ба як манбаи худ хабар дод, ки Мулло Ҷонмуҳаммад Ҳамза, машҳур ба Мулло Ҷону, муовини аввали Қулурдуи 217-и умрии Толибон дар вилояти Тахор” ба Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки агар аз мудохила дар умури дохилии Афғонистон даст накашад ва Русия пушти Тоҷикистон қарор нагирад, нерӯҳои онҳо қодиранд дар як ҳафта  Тоҷикистонро забт кунанд.

Ин бори аввал нест, ки нафарони наздик ба “Толибон” барои мудохила накардани Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон ҳушдор медиҳанд.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз камтарин ҳамсояҳои Толибон аст, ки аз замони ба сари қудрат омадани ҳукумати Толибон бо онҳо ҳеҷ робитае надорад ва ҳамеша хостори ҳукумати фарогир дар ин кишвар бо риояи талаботи ҳамаи ақалиятҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст. Интизор меравад, зери мафҳуми “мудохила ба умури дохилии Афғонистон” масъулини Толибон чунин мавқеъгирии Тоҷикистонро дар назар доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.